ВидеоКоррупсия

МУДИРИ ШУЪБАИ КАДРҲО ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА БА ДАСТ АФТОД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 феврал хабар дод, ки нисбат ба  Ҳомидова Саодат Одинаевна, сардори, ҳамакнун метавон гуфт, собиқи шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ” (КЖКП)-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бар асоси қисми дуюми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Ҳомидова Саодат Одинаевна дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, аз шаҳрванд “А” барои бо роҳи сохтакории хизматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ оиди собиқаи хизматӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3000 сомонии дигарро талаб намудааст.    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова С.О. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 3000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.”

 Тафтиши пешакии парвандаи Ҳомидова Саодат идома дорад. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 319 барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 5475 то 12 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон коррупсияро ба як таҳдид ва монеаи бузургу ҷиддӣ дар роҳи рушди кишвар ва ҳатто таҳдид ба амнияти миллӣ арзёбӣ мекунанд ва мубориза бо ин падидаи манфиро як вазифаи муҳими давлат мешуморанд. Барои мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 агентии алоҳидаи мубориза бо коррупсияро ташкил доданд. Вале мунтақидон мегӯянд, муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо коррупсия бо боздошти “моҳичаҳои хурд” –е, чун кормандони ҷамоату комиссариатҳои ҳарбӣ ва муаллимону заминсозон маҳдуд шуда, касе ба “наҳангҳои бузург” –е, ки аксараш таҳти ҳимояти нафарони пурнуфуз аз раддаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, кор намегирад.

 Аз тарафи дигар, таҷриба нишон медиҳад, ки солҳои охир парвандаҳои аксари мансабдорони бо пора ба даст афтодаро ҳамчун қаллобӣ ҷамъу баст мекунанд ва дар натиҷа ин мансабдорони порахӯр бо ягон ҷаримаи ночизи гоҳо ҳатто аз маблағи пораи гирифтаашон хеле хурдтар аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи  муборизаи “раҳмдилона” ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки рушди кишварро фалаҷ кардааст, ғолиб биояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button