ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОН ДАР ЯК САДАМА ДАР РОҲИ ПАНҶАКЕНТ – САРАЗМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 18-уми феврали соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҷумақов Рамазон Асомиддинович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди самти “Панҷакент-Саразм” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Бозоров Матлаб Умурзоқович, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Бозоров М.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Дар фасли зимистон хатари садамаҳо дар роҳҳо боз ҳам бештар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button