ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАБСИ СОБИҚ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҚАЗОҚИСТОН МУРАТ БЕКТАНОВ БАРОИ БЕАМАЛӢ

Собиқ вазири мудофиаи Қазоқистон Бектанов рӯзи 20 феврал бо иттиҳоми беамалӣ дар рӯзҳои эътирозҳои хунини моҳи январ ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 феврал дар сомонааш Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод.

 “19 феврали соли 2022 Додситонии кул нисбат ба вазири собиқи мудофиа Бектанов Мурат Қорибоевич тафтиши пешаздодгоҳиро бар асоси моддаи 452 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон дар масъалаи беамалиаш ҳангоми адои хидмат  шурӯъ кард. Рӯзи 20 феврали соли 2022 Бектанов М.К. боздошт шу два бо гумони содир кардани ин ҷиноят ба тавқифгоҳ андохта шуд. Маълумоти аз ин бештар ба хотири тафтишот нашр карда намешавад”, — гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти додситонӣ.

Бектанов алакай дуюмин узви собиқи ҳукумати Қазоқистон аст, ки дар робита ба ҳодисаҳои аввали моҳи январ дастгир мешавад. Ҳанӯз дар ҳамон рӯзҳои эътирозҳо Карим Масимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳамроҳи ду муовинаш боздошт шуд. Ӯро ба хи1нат ба давлат, сӯиистифода аз мансаб ва кӯшиши ғасби базӯрии ҳукумат айбдор мекунанд.

Мурат Бектанов ааз моҳи августи соли 2021 роҳбарии вазорати мудофиаи Қазоқистонро бар ӯҳда дошт. Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ӯро рӯзи 19 январи соли 2022 аз мақом барканор ва ба ҷояш Руслан Жақсилков, фармондеҳи собиқи Гвардияи миллиро таъйин кард. Тоқаев Бектановро ба он айбдор кард, ки натавонист артишро дар рӯзҳои мушкил дурууст истифода барад ва ҳукумати Қазоқистон маҷбур шуд, аз берун нирӯҳои ОДКБро барои кумак даъват кунад.

Дар аввали моҳи январ якбора ду маротиба боло бурдани нархи гази моеъ сабаби шурӯи эътирозҳое шуд, ки аз ғарби кишвар сар шуда, зуд қариб ҳамаи Қазоқистонро фаро гирифт. Мардум дар баробари талабҳои иқтисодӣ пурра аз қудрат берун кардани Нурсултон Назарбоев ва авлоди ӯро ҳам талаб кард, шиори «Шал, кет!» («Мӯсафед, бирав!»)ро низ баланд карданд. Назарбоев соли 2019 Тоқаевро ба ҷои худ ба номаш президент гузошта, зоҳиран аз раҳбарии кишвар канор рафт, вале дар амал бо ҳифзи чанд мансаби калидӣ дар дастони худ ва нигоҳ доштани одамонаш дар мансабҳои муҳим ҳамчунон аз паси парда кишварро идора мекард.

Дар эътирозҳои Қазоқистон дастикам 227 нафар кушта шуда, чанд ҳазори дигар захмӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар дастгир гардиданд.

Тоқаев бо истифода аз ин эътирозҳо тавонист дасти то ин вақт хеле дарози Назарбоевро аз умури давлатӣ хеле кӯтоҳ ва ӯро ба ҳошия танг кунад. Тоқаев аз ҷумла бисёре аз одамони Назарбоевро аз мансабҳои калидӣ берун андохт. Ҳамин тавр, ҳарсе домоди Назарбоев ва ҷияни ӯ аз мансабҳои худ истеъфо доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button