ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

БАРОДАРИ ВАЗИРИ ДОХИЛА НИЗ МАНСАБИ НАВ ГИРИФТ: ТАФСИЛОТИ ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ РӮЗИ 21 ФЕВРАЛ

Рӯзи 21 феврал бо фармонҳои президент ва қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод гардида, Саидзода Раҳим Ҳамро — вазири маориф ва илм, Ҷӯразода Ҷамшед — муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия — муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин, Шоҳин Саидзода аз роҳбарии Агентии назорати давлатии соҳаи маориф ва илм ва Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”озод гардида, Ҷаъфарзода Сабзаалӣ — директори Маркази миллии тестӣ таъин гардид. Феълан маълум нест, ки ба ҷои Шоҳин Саидзода кӣ таъйин шуда ва худи ӯ ва Хуршед Икромӣ ба кадом мақоми наве таъйин шудаанд?

Ҳамин тавр, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъин карда шудааст. Ӯ бародари калонии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аст. Хадамоти матбуоти президент бидуни овардани номи Раҳимзода танҳо хабар додааст, ки “муовини директор ва сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд”. Раҳимзода Раҳмоналӣ  солҳои ахир сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

Бо қарорҳои ҳукумат ҳамчунин Раҳимзода Шабнам – муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз – муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардидаанд.

Ҳаимн тавр, президент Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмуродро ба вазифаҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб пешниҳод карда, Темур Бойзодаро аз мақоми муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон озод кардааст.

Хадамоти матбуоти президент  афзуд, рӯзи 21 феврал дар мувофиқа бо президент сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Эмомалӣ  Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин масоили ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳаҳои илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмомузӣ ва бедор кардани завқи толибилмон ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, ҳавасманд кардани омӯзгорони ҷавонро матраҳ кардааст. Ӯ аз кадрҳои навтаъйин хост, ки дасту дили пок ба нафъи давлату миллат фаъолият кунанд.

Таъиноти кадрӣ  21.02.2022

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Имомзода М.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№343

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Маркази миллии
тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Икромӣ Х.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Икромӣ Хуршед Икром бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№344

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саидзода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Шоҳин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№345

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси суди
вилояти Хатлон озод намудани Бойзода Т.Г.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бойзода Темур Гулбой бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№346

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№347

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази миллии
тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷаъфарзода С.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№348

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини директори Агентии назорати
маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
фармон медиҳам:

Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№349

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№АП-164

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим аз вазифаи муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№АП-165

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№АП-166

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№АП-167

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №27
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Саломиён М.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №28
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қодирзода Д.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қодирзода Диловар Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №29
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Собирзода Н.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Собирзода Нуралӣ Миралӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №30
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ғанизода Г.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғанизода Гулчеҳра Самӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №31
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
озод намудани Хайрзода Ш.Қ .

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №32
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
озод намудани Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №33
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Назаров Д.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назаров Дилшод Ҷамолиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №34
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Аҳмадзода Д.Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №35
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода А.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Азизуло Файз бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №36
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шарифзода Р.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Раҷабалӣ Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №37
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №38
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Хайрзода Ш.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №39
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдухолиқзода Л.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №40
ш. Душанбе

Дар бораи ректори
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
таъин намудани Абдуалимзода Ҳ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №41
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимзода Ш.К.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳимзода Шабнам Карим муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №42
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Чоршамбезода С.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Чоршамбезода Сураҷ Сайнак муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №43
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Собирзода П.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Собирзода Парвиз Одинахон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №44
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ваҳобзода А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ваҳобзода Абдураҳмон муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 21 феврали соли 2022 №45
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шарифзода Д.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Давлатали Ҷума ба вазифаи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button