ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ СЕ НАФАР БАР АСАРИ БА ҶАРӢ ЧАППА ШУДАНИ МОШИНИ ЯК ЗАН АЗ ЛУЧОБ

Рӯзи 17 феврал дар қаламрави Тоҷикистон боз ду садамаи марговар рух дода, боиси марги 4 нафар шуд. Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ дар ноҳияи Айнӣ рух дод, ки 3 кушта ба ҷо гузошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки  рӯзи 17 феврал, соати 12:50 дар километри 158уми роҳи Душанбе Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla», ки аз ҷониби хонуми 32-сола, сокини маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарӣ сарозер шудааст. Ин мошин аз Хуҷанд ба Душанбе мерафт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, “сабаби аслии садама дақиқ нест, аммо ба эҳтимоли зиёд дар натиҷаи суръати баланди ҳаракат ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд. Дар мошин ғайр аз ронанда боз ду нафари дигар ҳам менишастанд. Ҳамаи онҳо, ки яке марди 34-сола ва дуюмӣ ҳам бонуи 31-сола, сокинони шаҳри Душанбе буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва бо истифода аз дастгоҳи вижа ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳамзамон, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 17-уми феврали соли 2022, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Либеро», Раҳимов Маҳмадсаид Ҷамолович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Ёвон-Рӯдакӣ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро дар канори роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ин мошин Қурбонов Насим Маҳмадюсупович, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Дар фасли зимистон хатари садамаҳо дар роҳҳо боз ҳам бештар мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи садамаи пурқурбонӣ дар Айнӣ бори дигар аз ронандагон хостааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.Бахусус ҳангоми гузар аз гардишҳо хеле ба оҳистагӣ мошин ронанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафаронашонро дар хатар нагузоранд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button