ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТаърихЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ҲОҶӢ АКБАРИ ТӮРАҶОНЗОДА

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон ва муовини собиқи сарвазири ин кишвар, яке аз онҳое ки зери Созишномаи сулҳи соли 1997 имзо гузоштааст, рӯзи 16 феврал ба синни 68 расид. Тӯраҷонзода, ки як замон аз пурнуфузтарин шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ҳоло, тавре ба назар мерасад, аз майдон комилан канор рафтааст ва ба гуфтаи наздиконаш, дар зодгоҳи худ дар канори шаҳри Ваҳдат давлати пирӣ меронад. Бори охир ӯ аз худ дар арсаи сиёсии кишвар соли 2013, бо пуштибонӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ дарак дода буд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода 16 феврали соли 1954 дар деҳаи Туркобод (ҳоло Ваҳдатобод)-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) дар хонаводаи рӯҳонии шинохта Эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Эшони Тӯраҷон яке аз пешвоёни равияи Қодирияи тариқати тасаввуф дар Тоҷикистон шумурда мешуд ва дар Узбекистону Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ҳазорон мурид дошт.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нахустин таҳсилоти диниро пеши падараш гирифта, баъди хатми мактаби миёна дар соли 1972 ба мадрасаи “Мири Араб”-и Бухоро дохил шуд. Ӯ соли 1977 ин мадрасаро ба поён расонда, шомили Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд, танҳо мактаби олии мазҳабӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва соли 1980 ин донишгоҳро хатм кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода солҳои 1980-1982 дар шӯъбаи равобити хориҷии Идораи динии мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ, кор карда, соли 1982 барои идома таҳсил ба Урдун рафт ва соли 1987 факултаи Шариати Донишгоҳи Урдунро хатм кард.

Баъди бозгашт аз Урдун Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ду сол – солҳои 1987-1988 – дар Донишгоҳи исломии Тошканд устоди фанҳои фиқҳ ва ҳадис буд.

Соли 1988 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки ҳамагӣ 34 сол дошт, раҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд. Ин идора дар он даврон бо номи Қозиёт маъруф буд ва Тӯраҷонзодаро ба ин далел қозии мусалмонони Тоҷикистон ном мебурданд.

Исми Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ибтидои соли 1990, ҳангоми миёнаравиаш байни тазоҳургарон ва ҳукумат дар рӯзҳои гирдиҳамоиҳои хунини моҳи феврал дар Душанбе расонаӣ шуд. Ӯ дар поёни моҳи феврали соли 1990 аз ҳавзаи Карим Исмоилови ноҳияи Орҷоникидзеободо вакили Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд.

Солҳои 1990- 1992 даврони пуршӯре дар таърихи ҳаракатҳои милливу озодихоҳӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон буд ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ин ҳодисот ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, ба шӯҳрат ва нуфузи фавқулоддае дар ҷомиа соҳиб шуд. Тӯраҷонзода дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 аз мухолифин ҳимоят кард ва аз тарафдорони Ҳукумати муросои миллӣ, ки моҳи майи соли 1992 дар пайи пирӯзии тазоҳургарони майдони Шаҳидон бар тазоҳургарон аз майдони Озодӣ рӯи кор омад, ба шумор мерафт.

Аммо Ҳукумати муросои миллӣ дар ҷанги шаҳрвандие, ки тобистони соли 1992 оғоз ёфт, шикаст хӯрд ва моҳи ноябри соли 1992, Шӯрои олӣ ин ҳукуматро ба истеъфо фиристода, Эмомалӣ Раҳмонро ба намояндагӣ аз Фронти халқӣ – ҷониби дигари ҷанги шаҳрвандӣ раҳбари аввали кишвар интихоб кард. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баъди ин аз кишвар фирор кард ва муддате дар Афғонистон ва сипас то соли 1998 дар Эрон паноҳ бурд.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 1993 идораи қозиётро ба муфтиёт табдил дода, ба ҷои Тӯраҷонзода Фатҳулло Шарифзода, фарзанди рӯҳонии дигари шинохта Домулло Шарифро муфтӣ интихоб карданд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар солҳои мусофират низ дар майдони сиёсат фаол буд ва ба ҳайси муовини раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик раёсати ҳайъати мухолифин дар музокироти сулҳ бо ҳукуматро бар дӯш дошт.

27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумат ва мухолифин Созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки бар асоси он 30 дарсади мансабҳои ҳукуматӣ ба мухолифин бояд дода мешуд. Тӯраҷонзода бар асолси ин саҳмияи 30-фоиза муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури равобит бо кишварҳои СНГ таъйин шуд ва соли 1998 ба Тоҷикистон баргашт.

Ӯ то поёни соли 2006 дар ин мақом кор кард ва баъди барканориаш то соли 2010 узви Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Баъди тарки мақомҳои давлатӣ дар соли 2010 Тӯраҷонзода асосан дар зодгоҳаш – деҳаи Ваҳдатобод ба сар мебарад, вале тавре ба назар мерасад, “фаромӯш” нашудааст.

Соли 2012 масҷиди “Муҳаммадия”, ки Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдатобод сохта буданду ба он Эшони Нуриддинҷон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода имоматӣ мекард, бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро бо ҳукми додгоҳ баста шуд. Ин масҷид то баста шуданаш яке аз пуртарафдортарин масҷидҳои кишвар ба шумор мерафт ва ҳар рӯзи ҷумъа барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷону бародари хурдиаш Эшони Маҳмудҷон ҳазорон нафар аз саросари Тоҷикистон ба масҷиди “Муҳаммадия” меомаданд.

Бори охир Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар соли 2013, қабл аз интихоботи президентӣ аз худ дарак дод. Ӯ дар сафи онҳое буд, ки аз номзади ягонаи мухолифин Ойниҳол Бобоназарова ҳимоят мекарданд. Вале ситоди Бобоназарова 200 ҳазор имзои лозим барои сабти номзадии ӯро ҷамъ оварда натавонист ва аз корзори интихоботӣ берун монд.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо баъди танг шуданашон аз минбари масҷидҳои расмӣ дар Интернет барои ҳифзи тамос бо пайравони худ сомонаи “Тӯраҷон”-ро боз карда буданд. Вале дастрасӣ ба ин сомонаро низ чанд сол боз масдуд кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button