ВидеоМуҳоҷирон

РАСОНАҲО: ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ ДУ КОРМАНДИ ПУЛИСРО КОРД ЗАДААСТ

Расонаҳои Русия бо такя ба манобеашон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис дар ҷануби шаҳри Маскав хабар доданд.

“Ин ҳодиса шоми 15 феврал рӯё додааст. Яке аз гумонбаршавандагон, ғолибан зодаи Тоҷикистон, ҳангоми боздошташ дар кӯчаи Мединская бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст. Ду нафар ҷароҳат бардоштаанд “, – хабар додааст манбаи хабаргузории ТАСС. Кӯчаи Мединская дар минтақаи Бирюлёвои ғарбӣ ҷойгир шудаст.

Бино ба маълумоти шабакаи РЕН ТВ , кормандони пулис дар пайи ба дасташон расидани хабари занозании се нафар дар даромадгоҳи як бино ба кӯчаи Мединская омаданд. Ба пулис хабар додаанд, ки яке аз иштирокчиёни занозанӣ дар даст корд дорад.

 “Ҳангоми боздошт ин ҷавони мусаллаҳ бо корд ду корманди пулис аз ноҳияҳои дастонашон бо корд захмӣ кардааст. Дар пайи ин ба ҷои ҳодиса кормандони бештари пулис омадаанд. Ҳамлагар як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав ҷои зисти доимӣ надоштааст. Кормандони осебдидаи пулисро бо захмҳои даст дар бемористон бистарӣ кардаанд”, – хабар дод РЕН ТВ.

Дар робита ба ин ҳодиса алакай парвандаи ҷиноятӣ низ кушодаанд. Ба ҷавони тоҷик барои зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар чанд рӯзи охир ин алакай дуюмин хабари ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис дар Маскав аст.

Канали “Мэш” рӯзи 11 феврал хабар дод, ки ду корманди пулис дар Маскав аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудаанд. Бино ба иттилои нашрия, ҳодиса дар ноҳияи Тсаритсино (Царицыно) дар ҷануби пойтахти Русия рӯй додааст.

 “Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис аз рафтори зодагон Осиёи Марказӣ шикоят кардаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада,  ду ҷавони масти лояқилро диданд, ки дар майдончаи кӯдакон ба шаробнӯшӣ идома медоданд. Онҳо нишон додани ҳуҷҷатҳои худро рад карда, ҳангоми кӯшиши боздошташон муқовимат нишон додааанд ва кормандони пулисро дашном дода, латтукӯб кардаанд. Онҳо ҳатто тавонистаанд аз дасти як корманди пулис калтак (дубинка)-ашро  кашида бигиранд. Дар ин лаҳза корманди дуюми пулис силоҳашро берун кашида, таҳдид кардааст, ки тир мекушояд. Ба кормандони пулис муяссар шудааст, ки Нурлан ном ҷавони 28-солаи зодаи ҷумҳурии ҳамсояро дастгир кунанд, вале шарики ӯ тавонистаст фирор кунад”, –  хабар медиҳад “Мэш”.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва назари зодагони Осиёи Марказӣ ба ин қазия дастрас нест. Бино ба иттилои канали “Мэш”,  барои кормандони осебдида пулис “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кардаанд ва ҳардуро бо ҷароҳатҳои аз қисмати сар бардоштаашон бистарӣ кардаанд.

Ба он ду муҳоҷир акнун барои муқовимати фаъолона ва латтукӯби намояндагони давлат ҳукми зиндон  ва сипас депортатсия аз Русия таҳдид мекунад.

Маъмулан муҳоҷирон аз сар ба сар шудан бо кормандони пулиси Русия ҳадалимкон ҳазар мекунанд. Дар аксар ҳолатҳо муҳоҷирон дар Русия дар сурати хеле ба ҷон расиданашон ба сари пулис мушт мебардоранд ё ба зарбаҳои онҳо ҷавоб медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button