ВидеоМуҳоҷирон

ПУЛИС МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАЪДИ ЗАНОЗАНӢ БО СОКИНОНИ ОБНИНСК МАҶБУР КАРД, КИ УЗР ПУРСАНД (ВИДЕО)

Паблик-канали Калуга Поиск  ва дигар пабликҳои марбут ба шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия  дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 16 феврал видеои узрхоҳии муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон барои занозании шаби 13 ба 14 февралашон бо сокинони маҳаллиро нашр карданд.

Узрхоҳии онҳо баъди боздошташон дар шуъбаи пулис сабт шудааст.

Бино ба хабарҳо, дар пайи занозании байни муҳоҷирон ва мусофирони як такси дар Обнинск 7 нафар: 2 муҳоҷир аз Ӯзбекистон ва 5 тани дигар аз Тоҷикистон  дастгир шудаанд.

Аммо дар сабти видеоӣ 5 муҳоҷир як-як дар пеши камера матнҳои аз қабл  барояшон тайёршударо дар назди видеокамера қироат мекунанд. Онҳо эътироф мекунанд, ки  тоҷикҳову ӯзбекҳо якҷоя шуда, бо сокинони маҳаллӣ занозанӣ карданд. Муҳоҷирон ин амали худро кори нохуб  номида, аз сокинони Обнинск узр мепурсанд. Онҳо ҳамчунин ваъда медиҳанд, ки дар оянда тибқи қонунҳои Русия зиндагӣ кунанд.

Маълум нест, ки оё ин муҳоҷирон бо ихтиёри худ узрхоҳӣ мекунанд ё на? Дар сабт дар чеҳраи муҳоҷирон вараму захмҳои зиёди хунбаста дида мешавад ва маълум аст, ки онҳоро қабл аз сабт латтукӯб кардаанд.

Қаблан видеои лаҳзаи занозании шаби 13 ба 14 феврал дар шаҳри Обнинск низ дар Интернет нашр шуда буд.

Бино ба фарзияи пулис, он шаб як зани сокини Обнинск ҳамроҳи дӯстонаш савори такси ба хона бармегашт. Дар роҳ ба сабаби ҳанӯз норавшане гапии ин зан ва ронандаи такси аз Осиёи Марказӣ  мегурезад ва ронанда ҳамшаҳриёнаш аз Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба кумак даъват мекунад. Баҳси муҳоҷирон бо мусофирони такси ба занозанӣ мепечад ва он зан аснои занозанӣ телефонашро гум мекунад. Ӯ баъди он ки телефонашро дигар наёфт, ба пулис муроҷиат кард.

Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаҳои “дуздӣ” ва “авбошӣ” парванда кушодаанд. Ба муҳоҷирони дастгиршуда акнун ҳукми зиндон ваё ҳадди ақал ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад.

По данным полиции, местная жительница вечером 13 февраля в компании приятелей возвращалась домой на такси. В дороге между водителем -мигрантом и пассажиркой произошел конфликт. Водитель остановил машину и вызвал на подмогу своих знакомых. Ссора переросла в драку – пассажирку ударили в лицо, она выронила из рук свой телефон. После конфликта найти телефон она так и не смогла и обратилась в полицию. 

По данному факту возбудили уголовные дела по статьям “Кража” и “Хулиганство”.

Губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша  бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Ӯ рӯзи 11 феврал дар пайи боздид аз Маркази ягонаи муҳоҷирон аз он изҳори хашм кард, ки дар инҷо ба муҳоҷироне, ки ба забони русӣ ягон калима намедонанд, патент медиҳанд. Баъди боздид аз Маркази муҳоҷирон Шапша фармон баровард, ки муҳоҷиронро дигар дар соҳаҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор нагиранд.

Губернатори Калуга ҳамчунин эълон кард, ки вилояти Калуга аз барномаи “Переселение” мебарояд. “Ин  тасмим зодагони Осиёи Марказиро аз имконияти бо роҳи осон ба даст овардани шаҳрвандӣ маҳрум хоҳад кард”, – таъкид кард Шапша.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button