
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, рӯзи 15-феврали соли 2022, дар нишасти хабарияш, сабаби даст ба худкушӣ задани як раиси ҷамоат дар ин ноҳияро мушкилоти хонаводагӣ номид.
Ёдовар мешавем, ки ҷасади раиси ҷамоати ба номи Ҷӯра Назаров Хушқадам Нодировро шаби 11-уми феврали соли 2022, дар манзили зисташ овехта пайдо карданд.
“Вобаста ба худкушии Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати Ҷӯра Назаровро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ санҷида истодаанд. Ман ҳаминашро медонам, ки сабаби даст ба худкуши заданаш мушкилоти оилавияш будааст. Дастхат навиштааст ва дар дастхат низ гуфтааст, сабаби худкуши заданаш мушкили оилавияш мебошад”, – гуфт раиси ноҳия.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешавад, марҳум се рӯз қабл аз маргаш аз яке филиалҳои бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритӯс 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта бошад.
Аммо раиси ноҳия гуфт, инҳо овозаанд ва асос надоранд. Ҷаббори Ғаффор гуфт, ки ӯ дар кораш мушкиле надошт.
Ин дар ҳолест, ки як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, як рӯз пеш аз ҳодиса бо роҳбарии худи ин раиси ҷамоат дар масъалаи даст ба худкушӣ задан, пешгириҳо аз ҷинояткорӣ ва гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳамоише бо ҳузури бо мардум гузаронида шуда буд. Худи Хушқадам Нодиров низ дар ин ҳамоиш суханронӣ кардааст.
Хушқадам Нодирови 34-сола то расидан ба вазифаи раиси ҷамоат, ба ҳайси нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор карда буд.
Барои маълумот: Соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст, ки ин назар ба як соли қабл 47 маврид камтар аст. Дар 246 маврид занону духтарон, аз ҷумла 52 духтари ноболиғ ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 272 ҳолати қасди худкушии занону духтарон сабт шуда буд. 53 нафари онҳо духтарони ноболиғ буданд.
Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus