ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ИН СУБҲ ХАЙР НАБУД… ДАРГУЗАШТИ ТАБИБ ВА ШОИР РАҲМАТИ АҲМАД

Раҳмати Аҳмад, табиб ва шоири тоҷики муқими Истаравшан рӯзи 16 феврал дар синни 57 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бораи ҳамқалами ӯ аз Истаравшан Раъно Зоирдухт дар Фейсбук хабар дод.

Ин субҳ хайр набуд. Дӯсти мо,шоир,Узви Иттифоқи нависандагон Раҳмати Аҳмад дунёи фониро тарк карда, ба бақо пайваст”, навиштааст Раъно Зоирдухт.

Раҳмати Аҳмад (Хайдаров) соли 1965 дар дехаи Ругунди шахри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ соли 1987 Донишгоҳи тиббии ба ном Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, то поёни умр дар беморхонаи марказии Ӯротеппа (Истаравшан) кор кард. Ҳамзамон бо табобати мардум Раҳмати Аҳмад шеър менавишт ва намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумхуриву вилоятӣ ри чоп омадаанд.

Чор мачмӯаи ашъораш, аз ҷумла маҷмӯаҳои ”Ҷоми эҳсос”, ,”Матои хаёл” ва ”Оинаи ёд” (насру назм) тавассути нашриёти “Адиб” пешкаши хонандагон шудаанд. Аз Раҳмати Аҳмад ба ҷуз ин 4 китоб 3 фарзанд ҳам ба ёдгор монд.

Раъно Зоирдухт ин ду байтро аз Раҳмати Аҳмад низ дар паёми таслияташ овардааст:

То хешро шинохта соҳибназар шудем,

Мо аз сари ҷаҳон чу гумном даргузар шудем…

Бо тӯшаи хаёл ҳама дар раҳи мурод,

Дар ин сафар зи ҳастии худ дар сафар шудем…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button