
Агентии омори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 16 феврал дар нишасти хабариаш як силсила рақамҳоти ҷолибро дар бораи таркиби аҳолии кишвар нашр кард.
Бино ба иттилои ин ниҳод, то 1 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 190 нафари синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекарданд. 99 занфари онҳо занҳо ва 91 нафараш мардҳо будаанд.
Дар умум, бар асоси барӯйхатгирӣ ё нуфусшумории моҳи октябри соли 2020, шумораи аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷамъи аҳолии кишвар4 миллиону 901 ҳазор нафарро мардон ва 4 миллиону 760 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Шумораи мардҳо назар ба занҳо тақрибан 140 ҳазор нафар бештар будааст.
Бар асоси натиҷаҳои нуфусшумории ахир, аксари аҳолии Тоҷикистон: 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва ҳамагӣ чоряки аҳолӣ: 2 миллиону 528,7 ҳазор нафар, ё 26,2% аз ҷамъи аҳолӣ дар шаҳрҳо ба сар мебаранд.
Дар 10 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар бештар шудааст. Аз ҷумла аҳолии шаҳр дар ин муддат 522 ҳазор нафар, ё 26% зиёд шуда, шумораи аҳолии деҳот 1 миллиону 575,1 ҳазор нафар, ё 28,3% афзудааст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки шумораи аҳолиаш бо суръат меафзояд.