ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ … ГОВДУЗДӢ

Як ҷавонзани 32-сола аз шаҳри Бохтарро бо иттиҳоми говдуздӣ дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 16 феврал хабар дод, ки ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудааст. Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дар умум, бино ба омори ВКД, соли 2021 дар ҷумҳурӣ 6425 ҳодисаи дуздӣ сабт шудааст.

Вақтҳои охир, бахусус дар пайи боло рафтани нархи гӯшт ва мутаносибан нархи чорво, ҳодисаҳои дуздии чорвои мардум – чӣ чорвои хурду чӣ чорвои калон – дар Тоҷикистон хеле зиёд шудааст.

Аммо мавридҳои бо ҷурми дуздӣ, бахусус дуздии чорвои калон ба даст афтодани занон дар ҷумҳурӣ ангуштшуморанд ва ҳар чунин маврид як ҳодисаи фавқулодда ва мояи нигаронӣ арзёбӣ мешавад, зеро сухан дар бораи даст ба ҷиноят задани зан меравад. Дар ҷомиаи суннатгаро ва муҳофизакори Тоҷикистон даст ба ҷиноят задани занон як амали хеле нангин шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button