ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ДУ ТАРМА ДАР РОҲИ РӮШОН – БАРТАНГ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 16 феврал бар пояи маълумоти раёсати ин ниҳод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки  шабонарӯзи гузашта дақиқан соати 13:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 51 ва 53 роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг, ки аз тариқи рустои Даржом мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, барои поксозии роҳ хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ техникаи махсус ҷудо кард, ки шабонарӯз навбатдорӣ мекунад ва паёмадҳои ҳар офат сари вақт бартараф карда мешаванд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан дар бора  фурӯ рехтани дастикам 7 тарма дар санаи 13 феврал дар роҳи Хоруғ Ишкошим ва фаромадани боз дастикам 5 тарма дар санаи 14 феврал дар роҳҳои Хоруғ Ишкошим ва Рӯшон Бартанг хабар дода, ҳушдор дода буд, ки дар пайи гарм шудани ҳаво дар роҳҳои кӯҳистони кишвар, аз ҷумла дар роҳҳои Душанбе – Айнӣ, Рашт – Сангвор, Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ – Ишкошим дастикам то 16 феврал  хатари фаромадани тармаҳо ва резиши санг баланд боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Худдорӣ аз сафарҳои безарурат ҳамеша хуб аст. Ронандагон бояд ҳангоми сафар дар чунин роҳҳо фосиларо риоя кунанд ва аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button