МуҳоҷиронЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ДОКТОР АЛИҶОН, ЯК ТАБИБИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Табиби  тоҷик Алиҷон Бобохонов инак 8 сол боз зодрӯзашро дар Русия ҷашн мегирад. Алиҷон Бобохонов (Алиҷони Ҳотам) аз ҷумла он садҳо табиби тоҷик аст, ки бо амри тақдир бо аҳли оилаҳои худ бо истифода аз барномаи “Переселение” ба Русия кӯчиданд.

Алиҷони Ҳотам12 феврали соли 1984  дар деҳаи Нозиробод дар канори шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Модараш чун аксари модарони тоҷик хонашин ва падараш ронанда буд. Аммо Алиҷон домани таҳсилро сар надод ва соли 2010 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, 4 сол дар бемористони бемориҳои сил ба ҳайси табиби силшинос кор кард.

Соли 2014 тавассути барномаи “Переселение” Алиҷон бо аҳли оилааш ба Русия омад ва соли 2017 ординатураи Донишгоҳи давлатии тиббии педиатрии шаҳри Санкт-Петербургро бо ихтисоси духтури шикастабанд (травматолог) хатм кард. Ин донишгоҳ аз ангуштшумор мактабҳои олиест, ки сирф педиатр (табиби кӯдакон) тарбия мекунад.

Баъди гирифтани ихтисоси нав Алиҷони Ҳотам дар беморхонаи марказии шаҳри Псков ба ҳайси дутури травматолог-ортопед ба кор даромад ва соли 2020 дар беморхонаи вилоятии Псков ба мақоми мудири шуъба расид.

Алиҷони Ҳотамро дар шаҳри Псков сокинон ҳамчун як табиби ҳозиқу меҳрубон эҳтиром мекунанд ва кӯдаконе, ки ӯ табобат кардааст, дӯст медоранд. Ӯ мегӯяд, кумак ба муҳоҷирон як бахши дигари умдаи фаъолиятҳояш ба ҳайси табиб дар Русия шудааст.

“Дар як амри хайри барои ҳар мусалмон лозим: хатнаи фарзандони ҳамватанон хидмат мерасонам. Нафақат тоҷикҳо, балки ӯзбекҳо, доғистониҳо, озариҳо ва дигар халқҳои мусалмон ҳатто аз Великий Новгород ва Санкт-Петербург ба суроғам меоянд. Ҳам барои хатнаи фарзандонашон ва ҳам барои табобати бемориҳои дигари азизони худ”, – нақл мекунад Алиҷон.

Алиҷон се фарзанд дорад: ду духтар ва як писар. Фарзанди хурдии ӯ  соли 2016 алакай дар Русия дида ба ҷаҳон кушод. Ҳоло духтари калониаш дар синфи панҷум, писараш дар синфи 2 таҳсил мекунанд ва духтари хурдиаш боғча меравад. Таҳсили онҳо дар мактабу боғча ба забони русист, вале Алиҷон мегӯяд, дар хонаашон ӯву ҳамсараш  як муҳити комилан тоҷикӣ дуруст кардаанд, то фарзандонашон аз забону фарҳанги худ  ва аз тоҷик будани худ фаромӯш накунанд.

Дар солҳои охир ҳазорон нафар аз табибон, муҳандисон, муаллимон ва  намояндагони дигар касбу пешаҳои бозоргир аз Тоҷикистон тавассути барномаи “Переселение”  барои кору зиндагии доим ба Русия кӯчиданд. Ин барнома ба мутахассисоне, ки мехоҳанд бо аҳли оилаи худ барои доим ба Русия бикӯчанд, имтиёзҳои фаровонеро пешниҳод мекунад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахираш имтиёзҳои пешниҳодии кишварҳои дигар ва ҳамчунин қасди боло бурдани сатҳи тахассусашонро аз омилҳое донист, ки табибони тоҷикро ба тарки Ватан ташвиқ мекунад. Абдуллозода ин масъаларо доғ номид, вале гуфт, ки он хоси танҳо Тоҷикистон нест.

Ба Русия кӯчидани садҳо табиби тоҷик дар ҳолест, ки бино ба иттилои вазири тандурустӣ, дар худи Тоҷикистон феълан 674 пизишк намерасад, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи марказ –127 нафар, вилояти Хатлон – 120 нафар ва дар вилояти Суғд – 183 нафар.

Аммо ҷомиашиносони тоҷик аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунанд ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд ва саводу тахассуси чандоне надоранд, пур кунанд.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, ДОКТОР АЛИҶОН!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button