ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ХЕЛЕ КАМТАР ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи хеле кам шудани шумораи беморони коронавирус дар кишвар хабар дод. Бино ба охирин маълумоти ин вазорат, ки шоми 11 феврал нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ҳамагӣ 2 мавриди сирояти шаҳрвандон ба вируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 12 нафар аз онҳое, ки қаблан ба ин вирус гирифтор шуда буданд, шифо ёфтаанд. Бар асоси  омори вазорати тандурустӣ, то шоми 11 феврал  дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон дар маҷмӯъ ҳамагӣ 15 нафар таҳти табобат аз коронавирус боқӣ монда буданд. Дар аввали моҳи феврал шумораи гирифторон то 80 нафар гуфта мешуд.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 11 феврал шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 369 нафар расида, аз ин шумор  17 ҳазору 230 нафар, ё 99,1% аз ҷамъи сироятшудаҳо шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.  Аз 21 январ ба ин тараф дар кишвар дар умум 274 ҳолати сирояти  коронавирус расман сабт шуда, хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистон тайи инак ду соли пандемия ду мавҷи бузурги коронавирусро пушти сар кард, ки мавҷи якумаш аз баҳор то тирамоҳи соли 2020 буд ва мавҷи дуюм – дар тобистони соли 2021.  Аксарияти ин 124 қурбонии коронавирус маҳз дар ҳамин ду давраи авҷи пандемия ҷон бохтанд.

Вале мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Ҳанӯз соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхатти беш аз 400 шаҳрванди  Тоҷикистон нашр шуда буд, ки гуфта мешуд, ба иллати коронавирус вафот кардаанд.

Ҳамин тавр, даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, асосан дар Русия, қурбони коронавирус шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button