ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

МИЛИТСИЯИ СУҒД ВИДЕОИ САДАМАИ МАРГОВАРИ ОВОЗХОН ДАМИРБЕК ОЛИМОВРО НАШР КАРД (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” сабтҳои видеоӣ аз маҳалли садамаи марговари овозхони шинохта Дамирбек Олимов ва бархе тафсилоти ин садамаро нашр кард.

Дар видео дида мешавад, ки бар асари садама мошини Дамирбек Олимов, тамғаи “Ҳонда”, рангаш сафед,  хеле сахт осеб дидааст.

Дар гузориш порае аз бозпурсии яке аз аъзои дар ин садама зиндамондаи гуруҳи эҷодии Дамирбек, ки ҳоло дар бемористон таҳти табобат қарор дорад, низ намоиш дода мешавад. Ӯ мегӯяд, ки он шаб аз як шабнишинӣ аз тарафи Қайроққум (Гулистон) бармегаштанд ва суръати мошинашон ягон 100 километр дар як соат буд. “Вале он кас нӯшидагӣ набуданд”, мегӯяд ӯ. Ин шоҳиди шодиса нақл кард, ки садама вақте ба вуқӯъ пайваст, ки Дамирбек мехост дар телефони мобилаш мусиқиро иваз кунад.

Дар ҳамин лаҳза ӯ  расиданашонро ба гардиши роҳ нодида мондааст ва дар натиҷа, тавре Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва муаллифи барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV», Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шуд.”

Дар натиҷаи садама овозхон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду узви гуруҳи эҷодиаш: маҷруҳ шуданд. Дамирбек Олимовро худи ҳамон рӯзи 5 феврал дар зодгоҳаш шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштич бо кафкӯбӣ ба хок супурданд. Падари ӯ Ботур Олимов дар маросими дафн аз мардуми гирдиҳамомада хост, ки писарашро ба роҳи охират бо кафкӯбӣ гусел кунанд. Падари ғамзада дар ҳоле ки ашк гулӯгираш мекард, хитоб ба мардуми ҷамъомада гуфт: “Ба ҳамаатон раҳмат! Ман як илтимосам ҳаст, ки мумкин гапи ман хато ҳам бошад, бачаяки маро бори охирин бо кафкӯбӣ гусел кунед!”

Баъди  ин илтимоси падари ғамзадаи Дамирбек мавҷи кафкӯбӣ майдонро фаро гирифт.  Ба ин тартиб, маросими видоъ бо овозхон охирин бенефиси ӯ шуд ва мавҷи кафкӯбиҳо дар бағал Дамирбек раҳсипори  охирин сафари худ – сафари охират шуд…

 “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Дамирбек дар лаҳзаи садама мехостааст ба ҳамроҳонаш суруди нави худро аз телефони мобилаш шунавонад. Гуфта мешуд, сухан дар бораи таронаи ҳанӯз нотамоми ӯ бар матни шоири классик Абӯлсаиди Абулхайр аст, ки ба шакли ниёиш ба Худованд навишта шудааст.

Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич  дар хонаводаи мутриби шинохта Ботур Олимов ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст. Дамирбек Олимов собиқаи ҳунариашро бо хондани таронаҳои “Шашмақом” сар карда, чандин сол дар ансамбли “Нури Хуҷанд” таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳунари худро сайқал додааст. Дамирбекро таронаи “Кабӯтар”, ки бо Нигина Амонқулова  дар сабки Мавригӣ иҷро карданд, машҳур кард. Аз ӯ ба ғайр аз “Кабӯтар” чандин таронаи шоҳкори дигар, ба мисли “Дунё” ва “Зиндагӣ боқист, ёрон меравад” ба ёдгор монд. Охирин таронаи ӯ “Бачагиям” ҳамагӣ ду моҳ қабл аз маргаш нашр шуд.

Ин бори аввал нест, ки ҳунармандони шинохтаи тоҷик дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева, соли 1991 Наргис Бандишоева  ва соли 2020 Баҳроми Ғафурӣ бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button