ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПОЛКОВНИК БАРОТОВ, МУОВИНИ ҚУРБОНИ ЧОЛ

Полковник Ҳикматулло Баротов, собиқадори ҷанги Афғонистон ва яке аз фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ, як тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, рӯзи 11 феврал аз олам чашм пӯшид.  Ҷумахон Раҳимов хабар дод, ки полковник Баротов дар вилояти Суғд вафот кард ва ҷанозаашро шоми 11 феврал аз инҷо барои дафн ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб фиристодаанд. Ба иттилои ӯ, намози ҷанозаи марҳум рӯзи 12 феврал дар масҷиди назди бозорчаи 1 Май доир мешавад.

Ҳикматулло Баротов соли 1992 ба саффи Фронти халқӣ пайваста, муовини сардори отряде буд, ки дар Кӯлоб аз ҳисоби собиқадорони ҷанги Афғонистон ташкил шуда буд. Отряди ӯ дар тасарруфи водии Вахш иштирок карда, аз ҷумла ноҳияи Қумсангирро аз дасти нирӯҳои мухолифин гирифт.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли якуми ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон,  дар Кӯлоб аз ҳисоби ҷанговарони Фронти халқӣ баталйони таъйиноти махсус и Қӯшунҳои дохилаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти фармондеҳии Султон Чолов, яке аз фармондеҳони аршади Фронти халқӣ ташкил шуд. Ҳикматулло Баротов муовини Султон Чолов дар раҳбарии ин бригада буд. Полковник Баротов аз соли 1995 муовини  фармондеҳи полки 6593 ва сипас то соли 1999 муовини фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон буда, солҳои охир дар вилояти Суғд ба ҳайси комиссари ҳарбии шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.

Ҳикматулло Мирзоев, яке аз раҳбарони ситоди ҷанговарони интернатсионалист дар Кӯлоб дар соли 1992 навиштааст, ки полковник Баротов дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар он сол саҳми муҳим гузошта буд: Ҳикматулло Баротов, яке аз фарзандони ба ору номуси Ватан буд, ки соли 1992 дар рӯзҳои вазнини ба сари халқамон омада ҳамчун аъзои фаъоли барқароркунандаи давлати сохти коститутсионӣ буд.

Ҷумахон Раҳимов  бо даъвати ҳамагон ба намози ҷанозаи полковник Баротов навишт: “Дар Кӯлоб ҷанозаи калон мешавад. Омада, иштирок кунед. Ақалан рафта раҳмат гӯем ба марди часурк, ки барои тинҷии Ватан дар соли 1992, ки дар Тоҷикистон беҳукуматӣ ва бесоҳибӣ буд, хеста Ватанро соҳибӣ карданд. Барои  Ватан ҷони худро дареғ надошта, сина сипар кард ва ба таги тиру тӯфанг даромада, ҷанги хонумонсӯзро дар майдони ҷанг хомӯш карданд ва қатъшавии ҷанги хонумонсӯзро дар ноҳияи Қумсангир эълон карданд. ба миллати тоҷик тинҷии садфоиза оварданд ва қаҳрамонона тонистанд, ки ҳукумати қонуниро дар ҶТ барқарор кунанд.”

Аммо назарҳо ба мероси Фронти халқӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон яксон нест. Тарафи дигар нирӯҳои Фронти халқиро ба қатли омми тарафдорони мухолифин ва дар умум зодагони манотиқи шарқи Тоҷикистон, бахусус зодагони водии Рашт ва вилояти Бадахшон айбдор мекунанд ва мегӯянд, мутаассифона, барои он кушторҳои дастаҷамъона тақрибан касе ба ҷавобгарӣ кашонда нашуд.

Бисёре аз соҳибназарони тоҷик низ бар  инанд, ки иштирок дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон на аз ин тарафу на аз он тараф ягон шарофат ё ҷои ситоиш надорад ва ҷанги бародаркуши солҳои 90 саҳифаи сиёҳест, ки дар таърихи Тоҷикистон абадан бо хун сабт шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button