ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ БИНОИ ЯК МАКТАБ ДАР ВАҚТИ ДАРС ЧАППА ШУДААСТ

Бинои як мактаби миёна дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дар шоҳидии даҳҳо хонандаи мактаб чаппа шудаааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҳодиса пас аз нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ замоне  рӯй додааст, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштаанд, вале чанд лаҳза пеш аз хароб шудани бино синфхонаҳоро тарк кардаанд.

Дар ин мактаб наздики 300 хонанда таҳсил мекунад.

Ҳасан Табаров, мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки омӯзгорон ва хонандагон пеш аз ҳодиса, рехтани хок аз боми мактабро мушоҳида карда, зуд синфхонаҳоро тарк кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон фурсат ёфтаанд, ки бархе ҳуҷҷатҳои муҳими мактабро низ ҳамроҳи худ берун кунанд.

Се синфхона пурра хароб шудааст ва бино корношоям гаштааст. Мизу курсиҳо ва тахтаҳои бомро аз хок берун мекунанд”, ‑ гуфтааст мудири маориф.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин ноҳия гуфтаанд, ки мактаби деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ ҳанӯз соли 1957 сохта шуда,дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтаанд, хонандагонро барои идомаи таҳсил аз мактаби чаппашуда ба бинои масҷиде мебаранд, ки чанд сол пеш ғайрирасмӣ эълон шуда, дарашро баста буданд.

Дар  вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти Тоҷикистон аст, даҳҳо бинои мактаби ҳанӯз дар даврони СССР сохташуда боқӣ мондааст. Ба гуфтаи мақомот, аксари онҳо ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд, вале дастикам даҳ мактаб дар ин вилоят дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, хатари ҳар лаҳза чапаа шуданашон вуҷуд дорад, ‑ гуфта мешавад дар гузориши Радиои Озодӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button