ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

АВВАЛИН ВИДЕОИ АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ БАЪДИ ОВАРДАНАШ БА ТОҶИКИСТОН

ТВ “Бадахшон” шоми 12 феврал муроҷиатномаи видеоии Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳоиғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нашр кард. Ин нахустин видеоест, ки Аловатшоев баъди аз Русия ба таври мармуз ба Тоҷикистон оварда шуданаш, зоҳир мешавад.

Амриддин Аловатшоев дар ин видео мегӯяд, ки ӯ бо ихтиёри худаш, худаш чиптаи парвоз харида, ба Душанбе баргаштааст, то дар назди қонун ҷавоб гӯяд. “Ба худ гуфтам, ки то кай гурехта мегардӣ? Баъди ин омадам ба Маскав ва чипта харида, бо ҳавопаймо худам ба Душанбе омадам”, мегӯяд вай дар ин муроҷиатнома.

Дар кадом шароит сабт шудани ин муроҷиатнома, ки 12 дақиқа тӯл мекашад, маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё Аловатшоев бо ихтиёри худ ин ҳарфҳоро задааст ё таҳти фишор?, вале ӯ дар ин муроҷиатнома ба сокинони Бадахшон, бахусус ба ҷавонон, муроҷиат мекунад, ки фирефтаи ҳарфҳои дигар лидерҳои ғайрирасмии он минтақа Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Аёмбеков, Хурсанд  Мазоров ва Ёдгор Мамадасламов нашаванд ва “аз паси ҷинояткорон нараванд”.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронд.

Амриддин Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва бино ба хабарҳо, алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо рӯзи 2 феврал тасдиқ карданд, ки ӯ дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад. Чанд рӯз хабарҳое нашр шуд, ки Аловатшоевро дар боздошт шиканҷа додаанд. Вале амаки ӯ ва адвокаташ гуфтанд, ки касе ӯро шиканҷа надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button