ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АНА ҚАЛЛОБӢ! ХОНАИ АЗ СӮИ ДАВЛАТ МУСОДИРАШУДАРО 160 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТААСТ!

Сокини 49-солаи пойтахт ба он айбдор мешавад, ки 9 декабри соли 2020 як манзили ба фоидаи давлат мусодирашударо дар кӯчаи Панҷрӯд ба як зан ба маблағи 160 ҳазор доллар фурӯхтааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 56-солаи  ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 40-солаи шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ барои фурӯш 6 сар чорвои калонро гирифта, як сол боз 71 ҳазору 500 сомонӣ пули ин чорворо надодааст.

хххххххххххххх

Сокини 45-солаи  ноҳияи Ишкошим ба он гумонбар мешавад, ки  рӯзи 10 феврал аз хонаи як сокини 31-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе либосҳои мардонаро дуздида, ба соҳибхона ба маблағи 4500 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб аз худ намудани амволи ғайр

037

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021 марди 56-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 6 сар чорвои калони шохдорро гирифта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 71 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 49-солаи сокини пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дидаву дониста, ки бо Ҳалномаи суди ноҳияи мазкур бинои 9-ум, воқеъ дар кӯчаи Панҷрӯд-86/4 ба манфиати давлат рӯёнида шуда, ӯ ҳуқуқи бегона кардани моликияти давлатиро надорад, 9-уми декабри соли 2020, ҳуҷраи истиқоматии №15-ро аз ошёнаи 6-ум дар масоҳати 166-метри мураббаъ ба зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 160 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршуда аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

032

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 10-уми феврали соли 2022, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдонаш либосҳои мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Ишкошим ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button