ВидеоҶомеа

35 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ВАЗОРАТИ МАОРИФ САБАБИ ФУРӮРАВИИ БОМИ МАКТАБРО ШАРҲ ДОД

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода рӯзи 12-уми феврал дар пайи нашри хабари фурӯравии боми як мактаб сардори маркази матбуоти вазорат Эҳсон Сафарзодаро барои шиносоӣ бо вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷои ҳодиса фиристодааст.

Маркази матбуоти вазорат бо нашри 35 акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки бар асари ин ҳодиса шифти як синфхона ва утоқи кории директори мактаби №31 фурӯ рафтааст. Дар аксҳои нашркардаи вазорат дида мешавад, ки шифти гилии бино фурӯ рафта,  мардум чӯбу тахтаҳоро аз зери харобаҳо берун кашида истодаанд.

Бино ба иттилои вазорати маориф ва илм, мактаби №31 аз се бинои таълимӣ иборат буда, биноҳо мутаносибан солҳои 1957, 1967 ва 2011 сохта шудаанд. Дар мактаб 769 нафар таҳсил мекунанд ва 34 омӯзгор ба таълиму тарбияи онҳо машғуланд.

Вазорат гуфт, бинои шифташ фурӯрафта ҳанӯз соли 1957 сохта шуда, аз 6 синфхона, утоқи кории директор ва хонаи омӯзгорон иборат буд ва дар ин  бино 258 хонандаи синфҳои 5, 8, 10 ва 11 таҳсил мекарданд.

“Санаи 11.02.2022 танҳо шифти як синфхона ва утоқи кории директор фурӯ рафта, қабл аз фурӯравӣ тамоми хонандагону омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мизу курсиҳо аз бино берун карда шудаанд. Бо назардошти дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати сохтмони бинои таълимӣ аз ҳисоби Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 пешниҳод нашуда, танҳо аз 02.11.2021 бо мактуби раиси ноҳия ҳамчун муассисаи садамавӣ барои ворид шудан дар қатори иншооти сохташаванда ва ворид шудан дар лоиҳаи марҳилаи навбатии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2028 пешниҳод шудааст. Бо дастури вазир сохтмони бинои таълимӣ дар муассисаи мазкур ба нақша гирифта шуда, дар доираи имконият ва дар муҳлати муайян сохта ба истифода дода мешаванд”, гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Қаблан Радиои Озодӣ хабар дод, ки пас аз нисфирӯзии 11 феврал бинои мактаби №31 дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ замоне  фурӯ рафтааст, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштанд, вале чанд лаҳза пеш аз хароб шудани бино синфхонаҳоро тарк кардаанд.

Ҳасан Табаров, мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, омӯзгорон ва хонандагон пеш аз ҳодиса, рехтани хок аз боми мактабро мушоҳида карда, зуд синфхонаҳоро тарк кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон фурсат ёфтаанд, ки бархе ҳуҷҷатҳои муҳими мактабро низ ҳамроҳи худ берун кунанд.

Се синфхона пурра хароб шудааст ва бино корношоям гаштааст. Мизу курсиҳо ва тахтаҳои бомро аз хок берун мекунанд”, ‑ гуфта буд мудири маориф.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин ноҳия гуфтаанд, ки мактаби деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ ҳанӯз соли 1957 сохта шуда,дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтаанд, хонандагонро барои идомаи таҳсил аз мактаби чаппашуда ба бинои масҷиде мебаранд, ки чанд сол пеш ғайрирасмӣ эълон шуда, дарашро баста буданд.

Дар  вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти Тоҷикистон аст, даҳҳо бинои мактаби ҳанӯз дар даврони СССР сохташуда боқӣ мондааст. Ба гуфтаи мақомот, аксари онҳо ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд, вале дастикам даҳ мактаб дар ин вилоят дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, хатари ҳар лаҳза чаппа шуданашон вуҷуд дорад, ‑ гуфта мешуд дар гузориши Радиои Озодӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button