ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ВКД БОЗДОШТИ МОДАРИ АБДУРАҲМОН09-РО ТАСДИҚ КАРД ВА ГУФТ, Ӯ БА ИФРОТГАРОӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 8 феврал дар як изҳороти алоҳида  баъди 5 рӯзи бедарак шудани  модари блогер Абдураҳмон09 (Шерзод Маҳмадҷонов) билохира расман тасдиқ кард, ки ӯ дар ҳабс қарор дорад.

“Нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”, гуфта мешавад дар изҳорот.

ВКД дар изҳороташ таъкид кардааст, ки “фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”
Аммо Абдураҳмон09 қаблан боздошти модарашро ба фаъолиятҳои худ рабт дод ва гуфт, мақомот мехоҳанд тавассути фишор ба наздиконаш ӯро ба қатъи танқиди ҳукумат водор кунанд.

Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 8 феврал хабар дод, ки барои ҳимоят аз Шоҳида Маҳмадҷонова вакили дифоъ ҷудо кардааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова аз 3 феврал бедарак буд ва пайвандонаш то 8 феврал ҳатто хабар надоштанд, ки ӯ куҷост. Ба гуфтаи пайвандон, чанд вақт пеш мақомот телефони ӯро барои таҳқиқ гирифта будаанд ва рӯзи 2 феврал занг зада, гуфтаанд, ки омада, телефонашро бигирад. Мамадҷонова ба шуъбачаи УБОП дар шаҳри Ваҳдат рафт ва бо ҳамин бедарак шуд.

Шоҳида Маҳмадҷонова,  санаи таваллудаш 15 апрели соли 1977, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард, дар аввали моҳи январи соли 2020 аз кор ронда шуд. Масъулони бемористон он вақт гуфтанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ариза навишта, “бо хоҳиши худаш” аз кор рафтааст. Вале худи ӯ гуфт, қабл аз барканорӣ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд ва сардухтури бемористон низ рӯирост барояш гуфтааст, ки  бо хоҳиши худаш ариза нависад, зеро  “бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест”.

Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси “Абдураҳмон09”, як блогери тоҷик аст, ки 25 сол дошта, аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ӯ бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон маъруфият пайдо кард. Абдураҳмон09  дар видеоҳои худ асосан суҳбатҳояш бо мақомоти гуногуни ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо навбатдори “Телефони боварӣ”-и ВКД, як намояндаи КДАМ, намояндаи Кумитаи дин ва ҳатто бо намояндаи Дастгоҳи президент ва ҳамин тавр, бо блогерҳои дигари тоҷикро пиромуни масъалаи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистонро нашр мекард.

Таъқиби хешовандони фаъолони оппозитсия ва дигарандешон мавзӯест, ки мақомоти Тоҷикистон барои он пайваста аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешунаванд. Вале мақомот ҷой доштани кадом маъракаи ҳисобшудаи таъқиби хешу табораи мунтақидони ҳукуматро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button