ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО ВА ҚИЁФАИ ҒОРАТГАРОНИ МАҒОЗАИ “ПЯТЁРОЧКА” НАШР ШУД (ВИДЕО)

ВКД Русия дар каналаш дар Ютуб видеои нахустин бозпурсӣ ва қиёфаи нафарони гумонбар дар ҳамлаи хунин ба мағозаи “Пятёрочка” дар деҳаи Новопетровское дар канори шаҳри Истраи вилояти Маскав, воқеъ дар 70километрии шимолуғарби шаҳри Маскавро нашр кард. Дар видео  се нафар аз чор нафари дастгиршуда дида мешаванд. Вале ВКД Русия ному миллияти дастгиршудашонро нашр накарда, онҳоро танҳо “зодагони яке аз кишварҳои хориҷаи наздик”, яъне СНГ ном бурдааст. Дар видео овози дастгиршудаҳоро ҳам хомӯш кардаанд. Вале аз дида мешавад, ки онҳо қиёфаи, ба истилоҳ, “осиёӣ” доранд ва зоҳиран аз Осиёи Марказианд.

Кумитаи тафтишот низ қаблан бо лаҳни дипломатӣ дастгиршудаҳоро “чор шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя” ном бурд ва исми ягон кишварро наовард. Вале расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки дастгиршудагон ҳама зодагони Тоҷикистонанд.  Дар ин байн танҳо манбаи Лента.Ру дастгиршудагонро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ном бурдааст.

Шуъбаи тафтишоти шаҳри Истра ин қазияро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: қисми чоруми моддаи 162 (ғоратгарӣ) ва қисми чоруми моддаи 111 (расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст) тафтиш мекунад. Акнун ба чор нафари дастгиршуда барои 71 ҳазор рубли баяғмобурдаашон  барои ғоратгарӣ аз 8 то 15 соли зиндон ва барои куштани зани кассир низ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

 Ҳамла ба мағоза соати қариб дувоздаҳи шаби 8 ба 9 феврал, вақте рӯй дод, ки мағоза бояд баста мешуд ва мудири мағоза Наталя Пашкова, шавҳари ӯ Сергей Пашков, ки барои бурдани занаш омада буд, ва кассир Людмила Вяткина корҳоро ба субут расонда, мунтазири шавҳари Вяткина будаанд, то мағозаро қуфл карда, хона ба хона бираванд.

Ғоратгарон 4 нафар будаанд, вале танҳо ду нафари онҳо ба мағоза даромада, якеи дигар дар пушти фармони мошин мунтазири шариконаш истодааст ва якеи дигарро дар паҳлуи мағоза “қаровул” мондаанд, ки агар мабодо одамон ё пулис ба сӯи мағоза биоянд, дарунбудаҳоро хабардор кунад.

Ду ғоратгари ниқобпӯши мусаллаҳ бо битаҳои бейсбол ё дастаи бел ё табар дари қафои мағозаро тақтақ кардаанд. Вяткина бо ин хаёл, ки шавҳараш омадааст, ба “глазок” нигоҳ накарда, дарро кушодааст. Ғоратгарон вориди мағоза шуда, ҳарсе нафари дар дохил бударо латтукӯб кардаанд. Дар натиҷа Вяткина бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон дода, мудири мағоза ва шавҳараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Ғоратгарон сипас сейфи мағозаро кушодаанд, вале ҳамагӣ 71 ҳазор рубл пайдо кардаанд. Онҳо пулҳоро ба ҷайби худ монда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар ҳоли фирор дар кӯча онҳо бо шавҳари Вяткина, ки ба сари занаш омада буд, рӯбарӯ шуда, ӯро ҳам кӯфтаанд ва чархҳои мошинашро ҳам шикоф кардаанд, то ки онҳоро пайгирӣ карда натавонанд.

Ғоратгарон баъди ин ҳама ба хобгоҳашон дар деҳаи Чесноково, ки аз мағозаи ғоратшуда ягон 50 км дуртар буд, рафта, оромона мехостанд бихобанд. Вале кормандони пулис бо изи гарм ин ҷиноятро кушода, алакай соате баъд ғоратгаронро аз ҷогаҳашон дар он хобгоҳ дастгир карданд.

Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия дар суҳбат бо Газета.Ру  ин 4 нафари боздоштшударо “доғи нангине барои миллат” номид ва гуфт, доғдор кардани обрӯи мардум  ҷинояти онҳоро “боз ҳам манфуртару малъунтар нишон медиҳад”.

 “Ман барои чунин одамон ҷазои аз ҳама сахтро талаб дорам. Барои мо дардовар он аст, ки онҳо мардумро моро беобрӯ карданд… Аз ҳама бадаш он аст, ки онҳоро боз мусулмон хоҳанд гуфт. Дар чунин одамон заррае мусалмонӣ нест. Ҳаёти инсон дар Ислом аз ҳама арзишманд аст, сарватҳои моддӣ дар баробари ҳаёт қадре надоранд. Вале инҳо барои нафси бади худ даст ба ҷони як инсон заданд ва аз ин рӯ сазовори шадидтарин ҷазоянд” — гуфтааст Абдулло Давлатов ба нашрияи Газета.Ру.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button