ВидеоМуҳоҷирон

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ҲАМЛАИ БЕРАҲМОНА БА МАҒОЗАИ “ПЯТЁРОЧКА”: КАССИР КУШТА ШУД, 4 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАСТГИР ШУДААНД (ВИДЕО)

Раёсати тафтишоти вилояти Маскави Русия  видеои лаҳзаи ҳамлаи шаби 9 феврал ба мағозаи “Пятёрочка” дар деҳаи Новопетровское дар канори шаҳри Истраи вилояти Маскав, воқеъ дар 70километрии шимолуғарби шаҳри Маскавро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки чор нафари дар сар балаклав ва мусаллаҳ бо битаҳои бозии бейсбол вориди мағоза шуда, кормандонашонро бераҳмона латтукӯб кардаанд ва беш аз 71 ҳазор рубл, муодили каме бештар аз 900 доллар пули кассаро ба яғмо бурдаанд. Дар натиҷаи ҳамла, зани кассир, ки 51 сол дошт, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мудири мағозаи “Пятёрочка” ва шавҳари ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон  бистарӣ кардаанд.

Ғоратгаронро бо изи гарм дар деҳаи Чесноково, тақрибан 50 км дуртар аз маҳалли ҳамла дастгир кардаанд. Раёсати тафтишот дастгиршудаҳоро “чор шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя” ном бурд ва исми ягон кишварро наовард. Вале расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки дастгиршудагон ҳама зодагони Тоҷикистонанд.  Телеграм-канали SHOT хабар дод, ки онҳо аз 18 то 41 сол дошта, мустақиман дар ҳамла се нафари онҳо иштирок доштаанд ва якеи дигар дар мошин мунтазири шариконаш будааст. “Известия” низ дастгиршудагонро зодагони Тоҷикистон гуфт, вале ба иттилои ин нашрия, онҳо аз 18 то 24 сол доранд.

Шуъбаи тафтишоти шаҳри Истра ин қазияро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: қисми чоруми моддаи 162 (ғоратгарӣ) ва қисми чоруми моддаи 111 (расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст) тафтиш мекунад. Акнун ба чор нафари дастгиршуда барои 71 ҳазор рубли баяғмобурдаашон  барои ғоратгарӣ аз 8 то 15 соли зиндон ва барои куштани зани кассир низ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба маълумоти тафтишот,  9 феврали соли 2022, дар соатҳои шабона ба мағозаи “Пятёрочка” чор нафари мусаллаҳ бо битаҳои бейсбол  ворид шуда, ба мудири мағоза, шавҳари ӯ ва ҳамчунин ба зани кассир ҳамла кардаанд. Онҳо ин се нафарро бо битаҳо латтукӯб карда, аз касса беш аз 71 ҳазор рублро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш кассир дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, мудири мағоза ва шавҳарашро ба бемористон бурдаанд. Гумонбаршавандаҳоро алакай соате баъд бо изи гарм пайдо ва дастгир кардаанд.

Қарор аст, ба зудӣ ба зидди ин 4 нафар айбнома эълон гардида, онҳоро ба ҳабси пешакӣ бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button