ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ЯК СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 42 КАС ҚУРБОНИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ВА 155 НАФАР ҒАРҚ ШУДААНД

Генерал-полковник Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, рӯзи 9 феврал дар нишасти хабарии ин кумита, соли гузаштаро яке аз мушкилтарин ва пурқурбонитарин солҳо аз лиҳози шумораи ҳодисаҳои фавқулодда ва маргумири сокинон дар офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла дар кӯлу дарёҳо номид.

Бино ба омори расмии Кумита, соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рӯй додааст, ки ин назар ба 213 чунин ҳодиса дар соли 2020 64% бештар аст.  Аммо омори такондиҳандатар шумораи қурбониҳост: Соли 2021 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 42 нафар ҳалок шудаанд. Ин назар ба 8 қурбонии офатҳои табиӣ дар як соли қабл беш аз 5 маротиба (!!!) бештар будааст.

Рустам Назарзода дар нишасти хабарӣ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди роҳандозии рейдҳо, дидору мулоқотҳо бо аҳолӣ ва корҳои таблиғотӣ аз ҷониби кормандони КҲФ ҳамоно дар обҳои кишвар одамони зиёд ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар  соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар ҷон бохтаанд, ки ин назар ба 107 нафари дар соли 2020 ғарқшуда 48 нафар, ё наздики 45% бештар мебошад.

Аз онҳое, ки соли 2021 дар кӯлу дарёҳо ҷон бохтанд,  синни  33 нафар аз аз 35 боло ва 47 нафар мардумони аз 17 то 35-сола  буда, 75 нафари дигар ноболиғон будаанд. Аз ҷумла соли гузашта  15 кӯдаки то синни 4, 21 кӯдаки синнашон аз 5 то 10 ва 39 навраси аз 11 то 16-сола дар кӯлу дарёҳо, асосан ҳангоми оббозӣ ё убури ягон ҷӯйбору канал ё дарё ба ҳалокат расидаанд.

Рустам Назарзода гуфт, шумораи қурбониёни ҳодисаҳои фавқулода метавонист аз ин ҳам бештар шавад, вале ба наҷотбахшони Кумита муяссар шудааст, ки дар тӯли соли гузашта 188 нафар аз ҳар гуна хатарҳо, аз ҷумла 44 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд.

Раҳбари КҲФ гуфт, наҷотбахшон дар як сол 192  амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро дар обҳои кишвар анҷом дода, дар баратараф намудани паёмадҳои 9 ҳодисаи лағзиши тарма, 20 ҳодисаи  сел иштирок кардаанд ва ҳамчунин бо даъвати шаҳрвандон оби пуршуда ва хатарзои 40 таҳхонаро кашидаву манбаъи хатарро бартараф кардаанд.

 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button