ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

8 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 4 ҲОЛАТИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ОШКОР КАРДА ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 8 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 4 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт шуда, дар айни замон 4 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Ба ин тартиб, шумораи онҳое, ки дар шароити хона ё бемористон аз коронавирус табобат мегиранд, то шоми 8 феврал бетағйир: 24 нафар боқӣ монд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то шоми 8 феврал дар Тоҷикистон 17 ҳазору 355 нафар ба коронавируси навъи нави COVID-19  гирифтор шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 17 ҳазору 207 нафар, ё 99,1% аз ҷамъи беморон шифо ёфтаанд, вале 124 сокини Тоҷикистон аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Вазорати тандурустӣ аз 21 январ ба ин тараф алакай 260 мавриди гирифторӣ ба коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Мунтақидон бар инанд, ки шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз рақамҳоест, ки вазорати тандурустӣ тасдиқ мекунад.

Вале ҳам сокинон ва ҳам табибон эътироф мекунанд, ки доманаи паҳншавии коронавирус дар кишвар дар муқоиса бо тобистони соли гузашта, ки даҳҳо нафар қурбони ин вирус шуданд, камтар аст ва хушбахтона, хабари маргумир аз ин беморӣ қариб ба гӯш намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button