ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ХУДКУШИИ ГЕНЕРАЛИ ПУЛИС ВА ПОЛКОВНИКИ АМНИЯТ ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Дар пайи эътирозҳои ахир дар Қазоқистон рӯзи 10 январ ҷасадҳои ду афсари баландпояи  пулис ва Кумитаи амнияти миллии ин кишварро пайдо кардаанд.

Сардори пулиси вилояти Ҷамбул генерал Ҷанат Сулаймонов, бино ба хабарҳои расида, худкушӣ кардааст. Ин хабарро хадамоти матбуоти шаҳрдории Тароз, маркази вилояти Ҷамбул тасдиқ карда, гуфтааст: “Мутааасифона, ин рост аст. Сабаби ин ҳодиса таҳқиқ карда мешавад.”

Журналисти нашрияи “Время” Михаил Козачков  дар телеграм-каналаш хабар дод, ки баъди эътирозҳои ахир нисбат ба Ҷанат Сулаймонов парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд ва ба вай трибунал таҳдид мекард. Ӯ шарҳ надодааст, ки ба зидди генерал Сулаймонов чӣ иттиҳоме эълон шуда буд?

Қарори маълум, дар ҷараёни эътирозҳои ахир дар Тароз 150 нафар боздошт ва “тақрибан 10 нафар маҳв карда шуданд.”  Дар задухӯрдҳо бо эътирозгарон як корманди пулис низ кушта ва 7 афсари дигар захмӣ шуданд. Дар Интернет ҳамчунин видеое нашр шуд, ки чӣ гуна дар Тароз ба тазоҳургарон силоҳ тақсим мекунанд.

Рӯзи 10 январ ҷасади полковники Кумитаи амнияти миллӣ Азамат Ибраевро низ аз зери тирезаи хонааш дар пойтахт, шаҳри Нур-Султон пайдо карданд. Хабаргузории РИА Новости хабар дод, ки захмҳои бадани Ибраев баёнгари аз баландӣ афтодани ӯст. Тавре пулис муайян кард, тирезаи манзили полковник Ибраев кушода будааст. Тафтиши ин қазия низ шурӯъ шудааст.

Азамат Ибраев аз афроди наздик ба раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов буд. Масимов рӯзи 5 январ аз мақом барканор карда шуда, рӯзи 6 январ ҳамроҳи чанд нафари дигар бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба ҳабс гирифта шуд. Рӯзи 9 январ президент ҚосимЖомарт Тоқаев ду муовини Карим Масимовро низ аз вазифаҳояшон барканор кард.

Хабаргузории КазТАГ хабар дод, ки рӯзи 10 январ  як полковники пулис, муовини сардори пулиси яке аз ноҳияҳои шаҳри АлмаАто низ дар ҷои кораш бар асари сактаи қалб ҷон бохтааст.

Маргу мири ин афсарони баландпоя дар пайи эътирозҳои густарда дар Қазоқистон аст, ки ба ҳисоби мақомот, 164 кушта ва беш аз 2200 захмӣ ба ҷо гузошт. Бо иттиҳоми иштирок дар бетартибиҳо беш аз 8 ҳазор нафар дастгир шудаанд. Дар Қазоқистон бар ин боваранд, ки роҳбарони бархе мақомоти қудратӣ ба эътирозгарон кумак мерасонданд.

Дар ҷараёни эътирозҳое, ки тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро фаро гирифт, тазоҳургарон биноҳои ҳокимони 5 вилоят ва шаҳри Семейро ғасб карда, ҳамчунин фурудгоҳу бинои додситонӣ ва дафтарҳои ҳизби ҳокими НурОтан ва қароргоҳи президентро дар шаҳри АлмаАто ба даст оварда, ҳайкали  президенти якуми кишвар Нурсултон Назарбоевро дар ТалдиҚӯрғон аз бех канданд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъият дар Қазоқистон пурра таҳти назорат гирифта шудааст. Бино ба хабарҳо, дар шаҳри АлмаАто то ҳол садои тирпарронӣ шунида мешавад, вале вазъият дар умум таҳти назорати мақомот қарор дорад. Охирин эътирозгарон рӯзи 8 январ дар шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау хона ба хона пароканда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button