Ҷомеа

ДОДСИТОНӢ ТАФСИЛОТИ ПАРВАНДАИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ КӮДАКИ НӮҲСОЛАРО НАШР КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон тафсилоти таҷовуз ба номус ва қатли як духтари нӯҳсола дар ноҳияи Хуросонро нашр кард.  Ин ҳодиса 16 август дар деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолӣ рӯй дод ва додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 23 ноябр сокини ин деҳаи Рустам Болтахоновро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 104, қисми 2 (куштори ноболиғ), 138, қисми 3 (таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад) ва 139, қисми 4 (ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба кӯдаки хурдсоли оҷиз) гунаҳкор шинохт ва ба ҳабси абад маҳкум кард.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Додситонии кул, ҷараёни ин ҳодиса чунин будааст:

Болтахонов Рустам Исматуллоевич 16 августи соли 2021 тахминан соатҳои 12:20 дар ҳолати мастӣ, хурдсол Б.М., санаи таваллудаш 12 ноябри 2012-ро, ки бо дучарха машғули бозӣ будааст, дида, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш ворид намудааст. Пас дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба хурдсол Б.М. маблағи 10  сомонӣ ва ҳаргуна маҳсулоти хӯрокаи кӯдакона дода, дидаю дониста, ки Б.М. ҳоло хурдсол буда, баръало ба синни 14- солагӣ нарасидааст, дар ҳолати оҷизона қарор дорад, бо Б.М. ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст. Бинобар сабаби нафси шаҳвониаш қонеъ нашудан ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, олоти мардиашро тахминан 20-30 дақиқа ба узви занонаи охирин молиш додааст.

    Ғайр аз ин, ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, бино бар сабаби бо роҳи ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта қонеъ карда натавонистани нафси шаҳвониаш,  дар назди худ мақсади таҷовуз ба номуси хурдсол Б.М.-ро гузошта, охиринро дидаву дониста, ки хурдсол буда, баръало ба синни 14 солагӣ нарасида, дарҳолати оҷизӣ қарор дорад, ба тахтапушт хобонда, бо истифодаи зӯроварӣ олоти мардиашро ба маҳбали он дароварда, тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ карда, дар натиҷа хурдсол Б.М. аз ҳуш рафтааст. Пас ӯ хурдсол Б.М.-ро тариқи ба рӯяш об пошидан ба ҳуш оварда, баъди аз як чанд дақиқаи дигар ӯ боз бо мақсади маротибаи дигар қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ дар ҳуҷраи истиқоматиаш, дидаву дониста, ки хурдсол Б.М. беҳолу бемадор мебошад бо вай боз як маротибаи дигар тариқи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, ба номуси охирин таҷовуз кардааст.

    Баъдан, хурдсол Б.М. ба ӯ гуфтааст, ки оиди ин кирдори содиркардаи ӯ ба модараш хабар медиҳад. Болтахонов Р. И. бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва рӯйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол Б.М. истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Б.М.-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади хурдсол Б.М.-ро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст.

    Минбаъд, аз торик шудан тахминан соати 21-22 ӯ ҷасади хурдсол Б.М.-ро аз ҳавлиаш бароварда, ба дохили ҷӯйбори сементии (лоток) обгузар, ки дар кӯча дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст партофтааст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Акнун ту дахшати шахвониро дар паси панчарахо чун як хайвон,ки дигар ягон чора надошта факат бо кисми кафоят кор мекуни ва метавони як лахзаи мувофик ефта худро овези.Ту аллакай шармандаи ин дунье ва охирати!!!Агар то назди “ЗЕК”хо худатро овези аз харомии харомии к…ти шудан халос мешави

    1. Рост мегуи,уро чуногн мекунанд,киа з зинадгӣ безор шуда,ҳар лаҳза орзуи марг мекунад.Ҷазояш ҳамин!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button