ВидеоҶомеа

ЭЙ КОШ, НОНИ ХӮРДАН НАМЕДОШТАМУ БАЧАҲОЯМ ДАР БАРАМ МЕБУДАНД… ҚИССАИ ЗАНЕ, КИ БАЧААШРО ДАР РУСИЯ КУШТАНД (ВИДЕО)

Солеҳ аз созмони хайрияи “Пешрафт” | Saliheen, ки бо иқдомҳои хайри худ ва ҳангоми ироаи кумакҳои хайрия ҳамеша пинҳон кардани симои худаш ном баровардааст, ин бор  бо худ як гов бо гӯсолаашро гирифта, ба Ҳисор рафт ва дари як оила аз деҳаи Тӯдаро кӯфт.  Зане, ки пеши онҳо баромад, нақл кард, ки 32 сол дар бемористони колхози “Москва” кор кардааст. Ӯ гуфт, як фарзандаш аз соли 2007 ба Русия рафту бедарак шуд, писари дигараш, ки паҳлавон буду дар мусобиқаҳои наврӯзӣ гуштин мегирифт, аз бемории мармузе тарки ин дунё кард, писари сеюмаш ба Русия рафту онҷо зан гирифт ва монд. Писари чоруми ин хонавода ҳам ба Русия рафт ва баъди азобҳои зиёде онҷо нав роҳи зиндагиашро ёфта буд, ки низ ба таври асроромез кушта шуд.

“Аввал хабар омад, ки писарат дар зимистон дар по кафши сабук мегардад. 16 декабр буд, ки бори охир занг зад ва гуфт, ки корҳоям дуруст шуд ва мераваму шастсолагиатро ботантана ҷашн мегирем дар Тоҷикистон ва инҷо пеши худам меорамат. Мегуфт, 15-16 сар чорво дорад алакай ва чорводорӣ мекунад дар Новосибирск буд ё Свердловск, ман намедонам. Вале ин занги охиринаш шуд. Бачаамро куштанду мурдаашро об партофтанд…” – нақл кард ин зан ба Солеҳ.

Зан ҳамчунин қисса кард, ки ҳам худашу ҳам шавҳараш, ки як умр дар мақомоти милиса кор кардааст, аз ғаму дарди фарзандон бемор шуданд ва як пои шавҳарашро ба иллати бемории қанд ҳатто буриданд.

Солеҳ бидуни онки ҳадафи омаданашро ошкор кунад, аз он зан хост, то гову гӯсолаи онҳоро ягон соат дар ҳавлиаш бубанданд. Зан қабул кард.

Солеҳ рафту баъди чанде бо як аробаи маъюбӣ баргашт ва дубора дари он занро кӯфт.

Вақте зан пеши онҳо баромад, Солеҳ ин дафъа ошкор кард, ки ин аробаи маъюбиро барои шавҳараш овардаанд. Зан ашк дар чашм барояш ташаккур гуфт, вале ӯ ҳанӯз изҳори сипоси худро ба охир нарасонда буд, ки Солеҳ лифофаеро ба дасташ дод, ки “ин ҳам аз они шумост.” Зан дохили лифофаро кушоду дид, ва бо исрор баргардонӣ шуд, ки “охир шумо алакай барои мо ёрдам кардед, ҳамон басу зиёдатӣ буд…”

Вале Солеҳ ба зан гуфт, ки он гову гӯсолае ҳам, ки дар ҳавлиатон бастем, он ҳам аз шумост.

Зан дигар намедонист, ки барои изҳори сипос сухан пайдо кунад.  Ӯ аз Солеҳ мепурсад, ки кисту аз куҷост? “Ман мехоҳам бо ту рафтуомад кунам”, – мегӯяд зан. “Ман ҳам як фарзанди шумо, номам Солеҳ”, – ҷавоб медиҳад ҷавоне, ки бо ин як бастаи бузурги ёриҳои хайрия дари хонаи ин сокини деҳаи Ноҷиро кӯфт.

Видео бо лаҳзае тамом мешавад, ки шавҳари ин занро рӯи аробачаи маъюбӣ мешинонанд ва зан ӯро рӯи ҳавлии хонаашон мегардонад.  Мӯсафед ба Солеҳу ҳамроҳонаш барои ин кори хайре, ки карданд, дуо дод. Зан ҳам хеле онҳоро садқаву банда шуд, вале гуфт? “Ман ҳеҷ гоҳ аз нодорӣ шикоят надоштам. Фақат мегуфтам, бигзор нони хӯрдан надошта бошаму эй кош, ки фарзандонам дар барам бошанд…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ассалому алейкум. Ин оила аз деҳаи Тудаи шаҳри Ҳисор мебошад. Банда ҳам истиқоматкунандаи ҳамин деҳа мебошам.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button