ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ САЛАМШОҲ БАРОИ ҚАСДИ ТАРКОНДАНИ МАРКАЗИ САВДО ДАР МАЙКОП (ВИДЕО)

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия ҷавони 22-солаи зодаи Тоҷикистон Саламшоҳ Комиловро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар як маркази савдои шаҳри Майкоп, пойтахти ҷумҳурии Адигея ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти додгоҳ, Саламшоҳ Комилов ба қасди анҷоми амали террористӣ, ғайриқонунӣ сохтани маводи тарканда ва нигоҳдории силоҳу маводи тарканда гунаҳкор шинохта шуд.

Ду соли аввали ҳукмашро ӯ дар зиндони пӯшида ва 5 соли дигарашро дар маҳбаси низомаш сангин бояд адо кунад. Додгоҳ ғро ҳамчунин 150 ҳазор рубл, ё ҳудуди 2 ҳазор доллар ҷарима баст.

Муайян карда шуд, ки моҳи феврали соли 2021 Саламшоҳ Комилов тасмим гирифт, ки яке аз марказҳои савдои Майкопро битарконад. Комилов  дар Интернет тарзи сохтани маводи худсохти таркандаро омӯхта, барои сохтани он мавод ва таҷҳизоти заруриро ба даст овард ва сипас маводи таркандаи худсохт омода кард. Ӯ қабл аз анҷоми ҳамла аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуд “, – гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳи ҳарбӣ.

Тафсилоти дигар ва ҳамин тавр, назари худи Саламшоҳ Комилов ва адвокату наздикони ӯ ба ҳукми содиршуда дастрас нест.

ФСБ моҳи март видеои лаҳзаи боздошт ва як пораи бозпурсии Саламшоҳ Комиловро, ки ба сабти саҳнасозишуда шабоҳат дошт, нашр карда буд.

Мақсади омаданат ба Майкоп?” –  мепурсад дар ин навор афсари ФСБ аз Саламшоҳ.

“Анҷоми ҳамлаи террористӣ дар маркази савдо”, – ҷавоб медиҳад ӯ.

“Бо чӣ мақсад?” –  мепурсад афсари ФСБ.

 Бо мақсади гирифтани интиқоми бародарон”,  – ҷавоб медиҳад Комилов

Барои кадом бародарон?” – боз мепурсад афсари ФСБ.

Аз “Давлати исломӣ“, – ҷавоб медиҳад боздоштшуда.

Аз навори ФСБ чунин бармеомад, ки ин ҷавони тоҷик гӯё қасди таркондани мағозаи “Магнит Семейний”-ро дар сар дошт.

Дар солҳои охир даҳҳо тан аз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошту зиндонӣ ва чанд нафараш ҳатто ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони ФСБ кушта шуданд. Наздикони бархеи онҳо ва ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки мақомоти амниятии Русия дар бисёр маврид пои муҳоҷирони беҳуқуқро беасос бо далелҳои бофтаю сохта бо мақсади болотар нишон додани натиҷаҳои бадастовардаи худ дар мубориза бо терроризм ба чунин парвандаҳо мечаспонанд.

Номи Cаламшоҳ Комилов ҳанӯз то эълони ҳукмаш ба Рӯйхатти федералии террористҳо ва экстремистҳое, ки Росфинмониторинг тартиб додааст, таҳти рақами 5340 шомил карда шуд. Дар умум ба рӯйхатти сиёҳи Русия наздики 12 ҳазор нафар, аз ҷумла дастикам 520 зодаи Тоҷикистон шомил карда шудаанд.

5340. КОМИЛОВ САЛАМШОХ АЛАМШОЕВИЧ*, 13.03.1999 г.р. , РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН;

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button