ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАН ДАР МАСТЧОҲ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “ОПЕЛ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 5 декабр, тахминан соати 17:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Умаров Беҳрӯз Ашурович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Бӯстон-Комсомол» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Боқиева Иззатмоҳ Ҳасановна, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Мастчоҳро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Боқиева И.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Як рӯз қабл ВКД дар бораи ҳалокати ду пиёдагарди дигар дар ҷануби кишвар хабар дода буд. Аз ҷумла сокини 61-солаи ноҳияи Кӯшониён Гулмарод Назаров субҳи 4 декабр, соати 9:10 дар ҳудуди ноҳияи Хуросон дар зери чархи мошини “Тойота-Ярис”, ки аз ҷониби як зани 48-солаи сокини Бохтар идора мешуд, ба ҳалокат расидааст. Ҳамин тавр,  шаби 4 декабр, тахминан соати 20:00, Маъзам Сайфуллоева, сокини 58-солаи ноҳияи Данғара  дар зери чархи мошини “Лексус-400”, ки аз ҷониби сокини 61-солаи ноҳияи Мӯъминобод идора мешуд ва аз Мӯъминобод ба сӯи Душанбе мерафт, ҷон бохтааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати чор тифли хурдсол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон гузориш шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button