ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ РОҲРӮБОНИ ӮЗБЕКУ ҚИРҒИЗ ДАР МАРКАЗИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 2 декабр ду гуруҳи роҳрӯбон (дворникҳо) дар ноҳияи Басманний дар маркази шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд. Лаҳзаи занозании онҳо ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст ва дар видеои нашршуда дида мешавад, ки беш аз 10 роҳрӯби дар тан нимтанаҳои норанҷӣ, ки баъзеашон дар даст бел ҳам доранд, якдигарро латтукӯб мекунанд.

Дар пулиси Маскав гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса 11 нафар: 7 зодаи Қирғизистон ва 4 нафари дигар аз Ӯзбекистонро дастгир кардаанд.

Маълум шудааст, ки роҳрӯбони ӯзбек боми биноро аз барф тоза мекарданд ва роҳрӯбони қирғиз роҳравҳои саҳни ҳавлиро. Ҷанҷоли байни онҳо бар сари он бархостааст, ки роҳрӯбони ӯзбек барфро аз болои бом ба поён, ба болои роҳравҳо тела медоданд ва кори роҳрӯбони қирғизро дучанд мекарданд. Дар ин замина аввал ду роҳрӯби қирғизу ӯзбек муноқишаро сар кардаанд ва сипас, вақте ки онҳо аз гиребони якдигар гирифтанд, дигарон ҳам ба занозанӣ ҳамроҳ шудаанд.

Ба гуфтаи пулис, дар ҷараёни занозанӣ 3 нафар осеб дидаанд. Нисбат ба 11 роҳрӯби дастгиршуда бо иттиҳоми майдаавбошӣ протокол тартиб додаанд ва ҳоло додситонӣ ба таҳқиқи ин қазия пардохтааст.

Ёдовар мешавем, вазорати корҳои дохилии Русия тобистони соли ҷорӣ дар пайи як силсила занозаниҳои гуруҳии байни муҳоҷирон ҳушдор дод, ки минбаъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо аз Русия  бераҳмона ихроҷ хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button