ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷирон

РУСИЯ БОЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКРО, КИ БО ТАЛАБИ ҚИРҒИЗИСТОН БОЗДОШТ ШУДА БУД, ОЗОД КАРД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки рӯзи 18 ноябр “дар натиҷаи ҳамкории самараноки Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид.”

Комилҷон Юлдошев, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати Сурхи Исфара рӯзи 16 ноябр ҳангоми сафар ба Русия дар фурудгоҳи Домодедово бар асоси дархости мақомоти Қирғизистон дастгир шуда буд. Мақомоти қирғиз ӯро ба даст доштан дар муноқишаҳои марзӣ айбдор мекунанд. Вале Юлдошев гуфтааст, ки дар он муноқишаҳо иштирок надошт.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар Русия бо талаби мақомоти Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштан дар муноқишаҳои марзӣ дастгир ва бо дахолати мақомоти Тоҷикистон озод карда мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр хабар дод, ки мақомоти Русия дар пайи дархости  ҷониби Тоҷикистон шаҳрванди ин кишвар Диловар Ҷӯраевро озод карданд. Ҷӯраев Диловар Бобомаҳкамович, санаи таваллудаш 23.05.1969,  8 ноябри соли 2021 дар шаҳри Новосибирски Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр бо нашри як изҳороти расмӣ дар робита ба боздошти Ҷӯраев ин боздоштро “дорои ангезаи сиёсӣ” номид ва  аз додситонии кулли Қирғизистон хос, ки “ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣдар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.”

бе баррасӣ мононда шуда, шаҳрванд Ҷӯраев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.”

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи мусаллаҳонаи поёни моҳи апрел, ки аз ду тараф 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт, даврони пуртанишеро пушти сар мекунад. Қирғизистон аз 22 май, инак қариб ним сол боз марзашро бо Тоҷикистон бо баҳонаи пандемия бастааст, вале мақомоташ пинҳон намекунанд, ки  тасмими бастани марз ба мушкилоти марзӣ  бештар рабт дорад, то ба пандемияи коронавирус.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button