ВидеоИқтисод

ПУЛҲОИ СОМОНИИ СОЛИ 2021 БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДА МЕШАВАНД

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо қарори раёсаташ аз 16 ноябр “бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ” пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.

Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки пулҳои қоғазии нав дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш хоҳанд кард.

Тоҷикистон аз байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама охирин шуда, моҳи октябри соли 2000, вақте ки аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ алакай 9 сол сипарӣ шуда буд, пули миллии худро бо номи сомонӣ ба муомилот баровард.

То соли 1995 дар Тоҷикистон муомилоти пулӣ бо пулҳои рубль (сӯм)-и бозмонда аз солҳои охирини Шӯравӣ сурат мегирифт. Ин боис шуд, маблағҳои зиёде аз кишварҳои дигари Шӯравӣ, ки пулҳои миллии худро ба муомилот бароварданд, ба Тоҷикистон сарозер шавад ва сатҳи таваррум дар ин кишвар ба як шиддати ногуфтанӣ боло биравад. Барои мисол, нархи як калӯш ба чанд миллион рубл баробар шуда буд ва мардум дарза-дарза пул дар даст барои харид ба бозор мерафтанд. Он вақт Тоҷикистонро барои ин ҳолати пешомада дар бозори муомилоти пулиаш ҳатто қабристони пулҳои Шӯравӣ ҳам ном мебурданд.

Соли 1995 дар Тоҷикистон  барои пешгирӣ аз таварруми хориҷ аз назорат пулҳои муваққатеро ба муомилот бароварданд, ки боз ҳам рубл (вале бидуни аломати ҷудоӣ) ном дошт. Ба далели кам шудани аломати ҷудоӣ аз номаш он рубли “тоҷикӣ”-ро “рубли хатнашуда” ҳам меномиданд. Ин “рубли хатнашуда” то соли 2000 “хидмат” кард ва 30 октябри соли 2000 ҷои онҳоро сомонӣ гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки вақте сомонӣ ба муомилот ворид карда шуд, қурби 1 доллари Амрико ҳамагӣ 1 сомонию 40 дирам буд. Дар ин 21 сол қурби сомонӣ амалан қариб 8 маротиба пойин рафтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button