ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

“ОБЛАВА” –И ДАҲҲО ДОНИШҶӮ ДАР ПАНҶАКЕНТ: КАСЕ ҚАРЗДОР БОШАД, БА ХИДМАТ МЕРАВАД!

Рӯзи 18 ноябр даҳҳо  донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро ҳангоми дарс аз даруни синфхонаҳои донишкада дошта маҷбуран ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора волидони донишҷӯён ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода, аз рафтори, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунии кормандони мақомот шикоят карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи 18 ноябр, тақрибан соати 11 як гуруҳи кормандони милитсия ба чанд бинои Донишкадаи омӯзгории Панҷакент ворид шуда, даҳҳо донишҷӯро ба мошинҳои “Газел” ва “Спринтер” бор карда, ба коммисариат бурданд.

“Барои ҳангоми дарс, бе огоҳӣ, ғайриқонунӣ доштан ва зиёда аз ин ба беш аз 3-4 соат нигоҳ доштани фарзандони мо кӣ бояд ҷавобгар бошад? Ҳамин давлат соҳиб дорад? Қонун амал мекунад? Прокурорҳо ҳастанд?– мепурсанд пайвандони ҷавонони облавашуда.

Онҳо мегӯянд, чанд соат боз дар пушти дари военкомат шиштаанд. “Кормандони комиссариат ба мо гуфтанд, ки месанҷем ва онҳое, ки қарздоранд, ба хизмат мефиристему дигаронро ҷавоб медиҳем”, – нақл кард падари яке аз донишҷӯёни “облава” –шуда.

Тибқи қонун, донишҷӯёни мактабҳои олӣ то замони хатми таҳсилашон аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Вале онҳоеро, ки пули таҳсилро насупурдаанд ваё ба сабаби аз имтиҳонҳову санҷишҳо қарздор шудан аз донишгоҳ ё донишкада хориҷ карда шудаанд, метавонанд ба хидмати ҳарбӣ баранд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки алакай дар моҳи октябр нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои  мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 70 фоиз иҷро шудааст. Аммо гуфта мешуд, ки даъват дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон нисбатан кундтар ҷараён дорад. Вилояти Суғд дар моҳи якуми даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъватро ҳамагӣ 56% иҷро карда буд.

Дар бораи чанд фоиз иҷро шудани ин нақша дар Панҷакент иттилои дақиқе дар даст нест, вале манобеи “Бомдод” мегӯянд, ин нақша то ҳол иҷро нашудааст ва ба ин далел ситоди маҳаллии даъват қариб ҳар рӯз то поси шаб ҷаласа барпо мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Гап дар сари он, ки дар Панчакент ин ходиса як чанд маротиба дар яку ним мохи охир рух додаистодааст. Донишчуёнро чанд маротиба аз ин пеш аллакай ба кисмхои харби бурданд

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button