ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАНҶОЛИ ХУНИН ДАР МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ОРОМ”

Шоми 16 ноябр, соати 19, дучархарон Садриддин Эшматов, сокини 59-солаи ҷамоати Исфисор дар ҳудуди ҷамоати Зарзамини ноҳияи Б.Ғафуров зери чархи мошини ВАЗ 2107 монда, дар бемористон ҷон додааст.

хххххххххххххх

Сокини 29-солаи пешсудшудаи ноҳияи А.Ҷомӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 16 ноябр, тақрибан соати 22:20 дар назди маркази дилхушии “Ором”, дар шаҳраки Ҷомӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 39-солаи сокини ҷамоати Калинин ҷанҷол карда, ба қафаси сина аз тарафи рост, шонаи чап ва рони пойи рости ӯ 3 зарбаи корд задааст.

ххххххххххххххх

Ду сокини Душанбе ва Ҳисор ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 7 ноябр аз маҳалли сохтмони хонаи як шаҳрванд дар кӯчаи Зарафшон ба маблағи 8455 сомони масолеҳи сохтмонро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани дучархарон дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», Болтубоев Ғайбуллоҷон Тоҳирҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Мусобоеви ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад, дучархарон Эшматов Садриддин Назарович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ҳамин ноҳияро пахш кардааст.
Дар натиҷа, дучархарон Эшматов С.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани ҷинояти авбошӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ки пеш бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 16-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 22:20-дақиқа, дар назди маркази дилхушии “Ором”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Калинини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 3-маротиба ба мавқеи қафаси сина аз тарафи рост, шонаи чап ва рони пойи рости ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми ноябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии навсохтмонаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшон даромада, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 455 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23 ва марди 26-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button