ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН БО 15 КИЛО МЕТАМФЕТАМИН ДАР ШОЛИКОРОН

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дод, ки ду шаҳрванди Афғонистонро бо наздики 15 кило метамфетамин дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, кормандони он маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки як гурӯҳи қочоқбар ният дорад маводи нашъаоварро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба даруни қаламрвви Тоҷикистон интиқол диҳад.

“Барои ҷилавгирӣ намудан аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони Агентӣ  қарор қабул шуд, ки нашъаҷалобонро бо далели шайъӣ дастгир намоянд. Ҳамин тариқ санаи 07 ноябри  соли 2021 ҳангоми гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар  шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷи поён, ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Агентӣ ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Салоҳиддин валади Боймад ва Маҳмадсахи валади Холмуҳаммад зода ва истиқоматкунандагони вилояти Қундуз улусволии Имом-Соҳиби  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир гардиданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон як адад халтаи полимерии рангаш сафед, ки дар дохили он  15 адад  зарфҳои пластмасии ва дар дохилашон бастаҳои селофанӣ бо маводҳои кристалии рангашон сафед мавҷуд буданд, бозёфт ва мусодира карда шуд.Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи эспертизаи судии Агентӣ маводҳои мусодирагардида  14кг 850  гр  моддаи психотропии навъи “метамфетамин”-ро ташкил дод”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаҳрвандони Афғонистон ин миқдор метамфетаминро аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо як нафар шахси ба тафтишот номаълум шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо лақаби “Мавлавӣ” ва тахалдуси “Ҳоҷӣ Мулло” бо мақсади ба каси дигар додан  овардаанд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаҳои 200 қисми 4  банди “д”, 335 қисми 2 ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Метамфетамин- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар таъсири қавитар ва зудтар дорад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button