ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ БАЪДИ ҚАРИБ ЯК МОҲ БОЗ ДУ ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб як моҳи инкори сабти ҳолатҳои нави коронавирус, шоми 9 ноябр хабар дод, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ду ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  дар айни замон 2 нафар аз бемории мазкур “солим гардонида шуданд”.

Бори охир ин вазорат рӯзи 15 октябр аз сабти ду мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус хабар дода буд, вале маълум нест, ки оё он ду беморе, ки “солим гардонида шуданд”, ҳамон ду нафарест, ки 25 рӯз қабл гирифториашон ошкор шуда буд ё на?

Ба сурати умум, вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 13 сентябр ба ин тараф мавқеи “ба нестӣ расондани коронавирус” дар кишварро пеш гирифта, дар ин қариб ду моҳ танҳо 4 мавриди нави гирифторӣ ба ин вирус – ду маврид дар рӯзи 15 октябр ва ду маврид дар рӯзи 9 ноябрро расман тасдиқ кардаасту халос.

Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия то шоми 9 ноябр дар кишвар 17 088 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 962 шифо ёфта, 124 нафар, муттаассифона,  бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Сабти ду ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бисёриҳо аз эҳтимоли ба мавҷи нави ин беморӣ рӯбарӯ шудани ҷумҳурӣ дар пасманзари авҷ гирифтани мавсими бозгашти муҳоҷирон аз Русия бонги изтироб мезананд.

Ҳоло Русия бо ҳудуди 40 ҳазор ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ва марги то 1200 нафар дар як рӯз аз ин беморӣ ба як манбаи бузурги пандемия дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Мутахассисон, аз ҷумла табибон, изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бозгашти муҳоҷирон метавонад василаи густариши дигарбораи коронавируса ба Тоҷикистон шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button