ВидеоСиёсат

ПАРАДИ ҲАРБӢ ДАР ВКД, 3 МАРОТИБА БОЛО БУРДАНИ МАОШИ МИЛИСАҲО ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ НАВ БА 40 МИЛИСА (52 АКС)

Рӯзи 10 ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паради паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” иштирок карданд. Дар майдон дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпӯши ҷангӣ низ гузошта шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон бо табрики корманди милитсия бо иди касбиашон гуфт, мақомоти умури дохила бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали истиқлол, дар 30 соли гузашта “ба як сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, имрӯз қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона, яъне унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва умуман зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд.”

Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин хидмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, хусусан, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди “гурӯҳҳои хиёнатпешаву ҷинояткор” ва таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар арзишманду барҷаста номидааст.

Ӯ гуфт, ҳукумат дар ҳаққи кормандони милитсия ҳама вақт ғамхорӣ зоҳир мекунад ва аз ҷумла дар 10 соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷаи давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди кори кормандони милитсия ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд.

“Дар ин муддат беш аз 750 нафар корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, имрӯз дар рӯзи иди касбӣ боз 40 нафар корманди милитсия дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, ки бо фармонҳояш дар даврони истиқлол 100 нафар аз кормандони милитсияро бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба вазъи мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва амниятиву ҷамъиятӣ дар минтақа ва ҷаҳон пардохта, таъкид кард, ки “чунин шароит ҳар як корманди мақомотро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, алалхусус, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ равона созанд.” Ӯ гуфт, “мардуми Тоҷикистон дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳомиёни зиндагии орому осудаи худ, муҳофизони шараф ва манфиатҳои шаҳрвандон, низому тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту суботро мебинанд.”

Эмомалӣ Раҳмон  изҳори итминон кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкардаашон дар оянда низ содиқ мемонанд.

Дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи милитсияи тоҷик” бо фармони президент боз ба 3 корманди ВКД барои хизматҳои шоиста рутбаҳои хизматӣ супорида шуд.

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик”   10.11.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button