ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА: ЯКЕ БА ДУШАНБЕ МЕРАФТУ ДУЮМӢ – БА БАДАХШОН…

Субҳи 8 ноябр бар асари бархӯрди ду мошини “Тойота-Хайлукс” ва“Опел-Астра” дар ноҳияи Данғара, ронандаи “Опел” дар ҷои ҳодиса ҳалок гардида, 2 мусофираш захмӣ шуданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 8-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 07:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Хайлукс”, Садоншоев Шукратшоҳ Одинашоевич, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Нурмаҳмад Аҳмадович, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҷабов Н.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони ин мошин: хоҳари ронанда Раҷабова Адолат Аҳмадовна, соли таваллудаш 1979 ва Иноятова Нозанин Қодировна, соли таваллудаш 2002, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ронандаи “Тойота” ба зодгоҳаш, вилояти Бадахшон раҳсипор буду сокини ҳалокшудаи Данғара ба тарафи Душанбе мерафт.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button