АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МАВЛАВӢ ҒАНӢ – ВОЛИИ НАВИ БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН КИСТ?

Ба ном “Аморати исломии Афғонистон”, ки ҳаракати тундрави Толибон эълон кардааст, ахиран волиёни 27 вилоят аз 34 вилояти Афғонистонро таъйин кард. Аз ҷумла Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ, маъруф ба Мавлавӣ Ғанӣ волии вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшон таъйин шудааст.  Манбаи хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” таъйини Мавлавӣ Ғаниро амре ғайримунтазира номида, гуфтааст, ки ӯро рӯзи 7 ноябр  расман ба ҳайси волӣ дар ҳузури мақомоти дигари вилояти Бадахшон муаррифӣ кардаанд.

Волии қаблӣ ва нахустини Толибон дар Бадахшон Мавлавӣ Амонуддин Мансур як моҳ қабл барканор ва муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин шуд. Бино ба иттилои манбаи “Спутник”, ӯ аз ин норозӣ шуда, ба Кобул ва Қандаҳор рафт, вале касе аз сарони Толибон ба додаш нарасид. Амонуддин Мансур сипас ба зодгоҳаш, ноҳияи Вардуҷи Бадахшон баргашта, парчами Ҷабҳаи муқовиматро барафрохт. Толибон барои музокира бо ӯ Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузори Толибонро фиристода буданд.

“Ӯи аз уфташ аз қудрат норозӣ як ҳафтаи қабл ба зодгоҳаш – вулусволии Вардуҷ баргашта, байрақи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро боло кард. Ин байрақ се соат дар Вардуҷ парафшон буд. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, вазири дифоъ ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди Вазорати дифои “Толибон”* ба хотири ором кардани ӯ ба Бадахшон омаданд ва дар вулусволии Баҳорак як ҷаласаи чаҳорсоата доштанд. Он ҷо чӣ файсала шуд, маълум нест”, – гуфтааст манбаи “Спутник”.

Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ ҳудуди 55 сол дошта, аз рустои Кафтархонаи вулусволии Дароими вилояти Бадахшон аст. Мактаби ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш фаро гирифта, соли 1986 ба хотири фарогирии улуми динӣ ба Покистон рафт.

Вай дар мадориси мухталифи Покистон, аз ҷумла мадрасаи Кӯҳот, Дор-ул-улуми Сироҷ-ул-исломи Коҳӣ, Дор-ул-улуми Ҳанифаи Конҷуи Свот, мадрасаи Манбаъ-ал-улуми Мироншоҳ ва ғайра таҳсили динӣ карда, бо оғози фаъолиятҳои таҳрики “Толибон”* ба ин гурӯҳ пайваст.

Дар замони зуҳури аввалини “Толибон” фармондеҳи фирқаи 4-и зиреҳдори Пули Чархии Кобул буд ва пас аз суқути режим дар соли 2001 дигарбора ба майдони ҷанг рафт. Ҳафт сол узви комиссияи низомии Иморати Исломӣ ва аз соли 2012 муовини волии номниҳоди “Толибон” барои Бадахшон буд.

Таъйини Мавлавӣ Ғанӣ ба муборизаҳо барои курсии волии Бадахшон, ки чандини нафар барои он вориди корзор шуда буд, як муддат нуқта мегузорад.

Ба иттилои манбаи “Спутник”, Толибон дар ин мансаб қаблан Мавлавӣ Нуриддин, волии Тахорро, ки аз ӯзбектаборҳост, мехост таъйин кунаад, вале номзадии ӯ  дар байни толибҳои бадахшӣ хеле ҳассосият ва норозигӣ ба миён овард.

Як номзади дигар Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, аз фармондеҳони матраҳи Толибон буд, ки ахиран фармондеҳи ливо (бригада)-и ҳимояи вазорати дифоъи Афғонистон таъйин шуд. Даъвогари дигар Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон, як фармондеҳи дигари Толибон дар Бадахшон буд, ки барои кифояти ӯ муовини вазири кишоварзӣ таъйинаш карданд.  гардид. Дар ин миён Толибон ҳамчунин як паштун аз вулусволии Чаҳордараи вилояти Кундузро низ мехост дар ин курсӣ нишонад, аммо аъзои бадахшии Толибон эътироз карданд ва волии ноком ба вилояташ баргашт.

Бадахшон, ки дар шарқи Афғонистон дар марз бо Чину  Покистон ва вилоятҳои Бадахшону Хатлони Тоҷикистон ҷойгир шудааст,  бо захираҳои фаровони маъданҳои табиӣ ва сангҳои гаронбаҳои худ, аз қабили тиллову лаълу лоҷувард маъруф аст ва ин боигариҳо курсии волии ин вилоятро ҳойизи аҳамияти вижа мекунад.  Бадахшони Афғонистон қариб 99% тоҷикнишин аст, вале аз аввалин вилоятҳое буд, ки аксари ноҳияҳояш ҳанӯз чанд сол пеш ба дасти ҷангҷӯёни Толибон суқут карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button