ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР ХИСТЕВАРЗ ВА ДУЗДИИ ПУЛҲОИ ПИРАМАРД ДАР ЁВОН

Як ҷавон аз ноҳияи Восеъ  ба он гумонбар мешавад, ки шоми 7 ноябр, соати 17:00, ба  ҳавлии зани 43-солаи сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров даромада,  телефони мобили ӯро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.

хххххххххх

Марди 35-сола ва зани 30-сола дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 25 октябр аз хонаи пирамарди 72-солаи ҳамдеҳаашон 10 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 20-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Нисбати ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, 7-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 17:00, ба ҳавлии истиқоматии зани 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров даромада, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-2»-ро бо роҳи ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 970 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздӣ дар Обшорон

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза пирамарди 72-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми октябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35 ва зани 30-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Обшорон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button