ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР МӮЪМИНОБОД 9 НАФАР БАЪДИ ИСТЕЪМОЛИ САЛАТИ “ЗВЕРОБОЙ” ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 9 ноябр хабар дод, ки 9 сокини деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхоби ноҳияи Мӯъминобод ба иллати истеъмоли хӯриш, ё салати навъи “зверобой” заҳролуд шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 8 ноябр аз соати шаши субҳ то 10:53 паиҳам 9 сокини деҳаи Шулулуро бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд. Бемории ҳамаи онҳоро ҳамчун ботулизм (заҳролудшавӣ из истеъмоли маҳсулоти хӯроквории вайроншуда) ташхис гузоштаанд. Гуфта мешавад, сокини аз ҳамаи хурдсоли заҳролудшуда ҳамагӣ 6 сол дошта, аз ҳама калонсолаш занест, ки 64 сол дорад. Ҳамаи онҳо феълан дар бемористон қарор доранд. Вазъи саломатии онҳоро табибон муътадил арзёбӣ мекунанд.

Дар ин авохир ин нахустин ҳодисаи заҳролудшавии сокинон бар асари истеъмоли салатҳои зимистона дар минтақаи Кӯлоб нест.

Шаби 30 сентябр ба 1 октябр бар асари истеъмоли чунин як хӯриш дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Темурмалик 4 нафар: Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ҷон бохта, 14 нафари дигар дар бемористонҳо бистарӣ карда шуданд.

Ба гуфтаи мақомот,  “сокини Қӯштеппа Дадаҷон Нурхонов рӯзи 30 сентябр дар хонааш оши палав омода карда, ҳамаи хонаводаро даъват мекунад. Дар вақти истеъмоли ош як банкаи дулитраи хӯриши иборат аз помидор, пиёз, сирпиёз ва қаланфури булғориро истеъмол мекунанд ва аз ҳамин заҳролуд мешаванд.”

Ҳамчунин моҳи ноябри соли 2019 бар асари заҳролудшавӣ аз “консерваи бодирингу помидор” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, яке аз онҳо фавтида буд.

Пеш аз он моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб заҳролуд шуда, соли 2016 се нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд. Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳам бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дода буд.

Табибон мегӯянд, дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

Дар Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд. Ин то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, вале орӣ аз  хатар ҳам нест.

МАШВАРАТҲОИ КҲФ ДАР РОБИТА БА БОТУЛИЗМ

БОТУЛИЗМ ВА НИШОНАҲОИ ОН

Ботулизм (анг. Botulism) як бемории нодир, вале то ҳадде хатарнок аст. Он маъмулан баъди 12-24 соати истеъмоли ғизои заҳролуд аз худ дарак медиҳад. Ин ғизоҳо бештар ҳамон банкаҳои хуришдоре мебошанд, ки аз дохил вайрон шудаву сарпӯшашон дамидааст.  

Дар аввал сардардиву сарчархӣ эҳсос мешавад, заъифӣ баданро фаро мегирад, бехобӣ, дард дар шикам, қайкуниву дилбеҳузурӣ, ҳисси аз кор мондани дил, хушкӣ дар даҳон, ташнагӣ аз ҷумлаи нишонаҳои ин беморианд. Сахтшавии меъда ва варами шикам мушоҳида мешавад. Баъди чанд соат ва баъзан баъди як ё ду рӯз шахси гирифтор ҳисс мекунад, ки чашмонаш хира мешаванд, мушкили дид ба миён меояд.

 Ҳамзамон бо ин ва ё каме дертар мушкили фурӯ бурдан дар гулӯ пайдо мешавад ва ё ҳангоми фурӯ бурдани чизе дарди шадид дар гулӯ ҳисс мешавад. Метавонад ҳатто нафаскашӣ хароб шавад, мушкил дар суханронӣ, гирифтани овоз ва ё ҳатто ҳолате мешавад, ки инсон наметавонад садо барорад, ҳарф занад. Ҳарорати бадан маъмулан муътадил аст, аммо ҳолате мешавад, ки боло меравад, бахусус агар ботулизм ба илтиҳоби шуш оварда мерасонад.

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба ботулизм аз сокинон хоҳиш мекунад қоидаҳои зерини беҳдоштиро риоя намоянд:

– ғизои консервшудаеро, ки сарпӯши он варамидааст ва ё дар он нишонаҳои харобӣ ба мушоҳида мерасад, истеъмол накунед;

– ҳангоми истеъмоли консервҳои дар хона омодашуда сарпӯшашонро боз накарда, муддати 15-20 дақиқа ҷӯшонед;

– агар консерв дуюмин шабонарӯз боз монда бошад, онро истеъмол нанамоед (ин ҷо сухан дар бораи банкаҳои металӣ меравад);

– вақте шумо банкаҳои консервҳои моҳӣ ва ё гӯштиро боз мекунед, ҳатман онҳоро дар зарфҳои чинӣ ё шишаӣ бирезед ва худи ҳамон рӯз истеъмол кунед;

– ҳаргиз пораи гӯштеро аз он банкаҳои консервшуда нигоҳ надоред;

– ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти корӣ, аз қабили тахтаҳои ошбурӣ, элак ва ғайраро бо оби зиёд бишӯед;

– ҳама ғизое, ки дар шакли хом мехӯред, бояд хеле ҷиддӣ ва пок бишӯед, то он аз микробҳо пок шавад;

– агар ягон ҳолати шубҳаовари шабеҳ ба заҳролуд шуданро мушоҳида кардед, филҳо ба духтур муроҷиат намоед!

ЁДОВАР МЕШАВЕМ:

Дар шароити хона кумаки аввалин ба шахси мубтало ба ботулизм фавран ӯро ба бемористон ё ҳар муассисаи тиббии дигар интиқол додан аст. Ҳар қадар агар ӯро сари вақт беморхона расонед, имкони муолиҷаи вай бештар мешавад.

Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки меъдаи шахси гирифтор бояд бо содаи истеъмолӣ (20 гр дар як литр об) шуста шавад. Бо сода ҳуқна карда, сипас ба бемор энтеросорбент дода шавад.

Ин амалҳо таъсири модаҳои заҳрогинро ба бадан суст мекунанд ва ҳатто қисман онҳоро аз организм берун меандозанд. Вале бо вуҷуди ин бояд мошини ёрии таъҷилӣ ҳатман даъват карда шавад, зеро заҳрнокии шадид сабаби фалаҷ шудани роҳҳои нафас мешавад ва ин  метавонад шахси заҳролудшударо ба ҳалокат расонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button