АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЧИРИКИҲО ДАР ПАНҶШЕР ЯК ТАНКИ ТОЛИБОНРО АЗ БАЙН БУРДАНД (ВИДЕО)

Хабаргузории афғонистонии “Омоҷ Нюз” (Aamaj News) бо нашри як видео хабар дод, ки нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшер як танки Толибонро  аз байн бурдаанд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки ин мошини зиреҳпӯш дар натиҷаи ҳамлаи чирикӣ аз байн бурда шуд.

Дар видеое, ки нашр шудааст, дида мешавад, ки як тонк дар даруни дарае чаппа шудааст. Наворгиранда мегӯяд, ҷангҷӯёни Толибон дар натиҷаи ин ҳамла талафоти сангин диданд.

Ҷониби Толибон то кунун ин хабар ва аз байни бурда шудани як танку талафот дидани нирӯҳояшонро дар Панҷшер тасдиқ ё рад накардаанд.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки чанд ҳафта боз дар бораи задухӯрдҳо байни нирӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшеру ва атрофи он тақрибан ҳеҷ хабари наве ба даст намерасид.

Вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон пойгоҳи асосии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад. Аксари аҳолии ин минтақа ва ҳамин тавр, меҳвари нирӯҳои Ҷабҳаи муқовиматро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Ҷангҷӯёни Толибон зи 7 сентябр, 3 ҳафта баъди тасарруфи боқӣ қаламрави Афғонистон тавонистанд вориди дараи Панҷшер шаванд ва қисматҳои водии ин вилоятро ба даст биоранд. Вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, назорати 23 дараи кӯҳистонии Панҷшер ва қисматҳои бузурге аз Андаробҳоро таҳти назорати худ ҳифз кардааст.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки аз Ҷабҳаи муқовимат ва Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад ва сароҳатан гуфтааст, ки агар дар ҳукумати нави Афғонистон ба тоҷикҳо ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, ҳукумати Толибонро эътироф нахоҳад кард.

Аҳмади Масъуд ахиран дар Машҳад бо роҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва волии собиқи Ҳирот Исмоилхон мулоқотҳо доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button