АфғонистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ВКД ХАБАРИ ДАР БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ПОЙГОҲИ ҲАРБӢ СОХТАНИ ХИТОЙРО РАД КАРД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як баёнияи вижа, ки шаби 29 октябр дар сомонаи расмиаш нашр шуд, изҳор дошт, ки “маълумот дар бораи он, ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Хитой бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст.”

ВКД ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи созишномаи ҳамкории ин ниҳод бо вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой дар заминаи инфрасохтори мавҷудбудаи Дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД (УБОП) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронидани машқҳои тактикии муштарак байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Хитой пешбинӣ шудааст. “Ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой пешниҳод ва пардохт карда мешаванд”, – таъкид шудааст дар баёнияи ВКД.

Муроҷиат ба ВАО

Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар заминаи инфрасохтори мавҷудбудаи Дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой пешниҳод ва пардохт карда мешаванд.

Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки маълумот дар бораи он, ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Хитой бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст.

ВКД Тоҷикистон дар ҳоле хабари бунёди пойгоҳи ҳарбии Хитойро дар Бадахшон рад мекунад, ки рӯзи 27 октябр, бино ба гузориши Радиои Озодӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва вакили парлумон  Толибхон Азимзода дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон тарҳи қарордодеро муаррифӣ карданд, ки бар аосси он Хитой  дар водии Вахон дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим иншооти нав месозад. “Тибқи созишнома, расондани кумаки бебозгашт барои бунёди пойгоҳи дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Вахон пешбинӣ шудааст. Насби таҷҳизоти махсус дар назар аст. Тоҷикистон уҳдадор аст, Чинро барои овардани таҷҳизот аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод намояд”, –  гуфтааст Аламшозода.

Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, пойгоҳи махсус марбути ВКД Тоҷикистон буда, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки барои бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. “Маблағи сохтмон 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ, пешбинӣ шудааст”, — хабар додааст Азимзода. Баъди анҷоми иҷлосия Толибхон Азимзода дар суҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфтааст, ки Чин ин пойгоҳро барои Тоҷикистон месозад ва дар он биное, ки сохта мешавад, оилаҳои афсарони тоҷик бояд зиндагӣ кунанд.

Ин тавофуқ дар ҳолест, ки ҳукумат дар Афғонистони ҳам бо Чину ҳам бо Тоҷикистон ҳаммарз ба дасти гуруҳи тундрави Толибон гузашт. Тоҷикистон режими нави Толибонро ба таври ошкоро қабул надорад. Пекин ҳарчанд талош дорад, ки бо ҳокимони нави Афғонистон ягон забони муомила биёбад, вале маълум аст, ки дар асл аз ба қудрат расидани як гуруҳи тундрави исломгаро зиёд хушаш намеояд ва нигарон аст, ки пирӯзии Толибон ҷудоиталабони уйғурро дар вилояти Шинҷон дар ғарби Чин рӯҳбаланд мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан нашрияи “Вашингтон Пост” хабар дода буд, ки Хитой ҳанӯз соли 2019 дар шарқи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон як пойгоҳи хурди низомӣ сохтааст ва низомиҳои Хитой гоҳо аз ин пойгоҳ барои харид ба бозори ноҳияи Мурғоб ҳам мерафтаанд. Баъдан  хабарнигорони ТВ “Иран Интенешнал” дар пайи сафарашон ба Бадахшон хабар доданд, ки ин пойгоҳ дар минтақаи Мурғоб  дар мавзеи маъруф ба “коридори Вахон” таъсис дода шуда, дар он теъдоде аз низомиёни Хитой мустақар шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button