АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОЛИБОН ХУДАШ БА ПЕШВОЗИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТУРКМАНИСТОН БА МАЙДОНИ ҲАВОИИ КОБУЛ РАФТ (ВИДЕО)

Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзи 30 октябр барои музокирот бо роҳбарони ба ном “аморати исломии Афғонистон”, ҳукумате, ки гуруҳи тундрави Толибон баъди ғасби ин кишвар ташкил кардааст, ба Кобул омад.

Дар видео ва аксҳои нашршуда дида мешавад, ки  Мередовро дар майдони ҳавоии Кобул шахсан худи ба ном “вазири хориҷаи  аморати исломӣ” Амирхон Муттақӣ пешвоз гирифтааст.

Туркманистон аз аввали кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст, ки хеле зуд бо ҳокимони нави он кишвар алоқа барқарор кард ва аз ҷумла консулҳояш дар Ҳирот ва Мазори Шариф аввалин дипломатҳои хориҷӣ буданд, ки бо волиёни аз сӯи Толибон таъйиншудаи вилоятҳои Ҳирот ва Балх расман мулоқот карданд.

Худи Рашид Мередов баъди Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбекистон, ки дар пайи ирсоли 1300 тонна кумаки башарӣ ба Афғонистон ҳанӯз рӯзи 8 октябр ба Кобул омад ва бо роҳбарони Толибон музокирот кард, инак дуюмин дипломати чунин сатҳи баланд аз Осиёи Марказист, ки барои музокироти мустақим бо ин гуруҳи тундрав вориди Кобул мешавад.

Ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон ва Қирғизистон низ фаъолона бо Толибон роҳҳои тамос меҷӯянд. Қазоқистон имконоти логистикии худро барои интиқоли ёриҳои байналмилалӣ ба Афғонистон пешниҳод карда истодааст ва Қирғизистон ҳанӯз моҳи сентябр муовини раиси Шӯрои амнияташ Талъатбек Масодиқов  ва сардори шӯъбаи сиёсати берунаи дастгоҳи президент Жээнбек Қулубоев бо як ҳавопаймои пур аз ёриҳои башарӣ ба Кобул фиристода буд.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Ахиран Толибон  Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”.

Як намояндаи Толибон ҳатто таҳдид кард, ки “агар ҷомиаи байналмилалӣ дахолат накунад, мо Тоҷикистонро дар 24 соат тасарруф хоҳем кард.”

Ҷанги таҳдидҳо байни Тоҷикистону Толибон як муддат ба ҳадде авҷ гирифт, ки Маскав маҷбур шуд, бо изҳори нигаронӣ аз ин намоиши зӯри бозу ҳарду ҷонибро ба оромӣ даъват кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button