ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИРАМАРДИ 75-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН ДАР ХУҶАНД

Рӯзи 29 октябр, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Холиқов Валиҷон Алиевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рифъат Ҳоҷиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғафуров Абдурасул, соли таваллудаш 1946, сокини ноҳияи Деваштичро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғафуров А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар ҳафтаи ҷорӣ дар бораи ду садамаи пурқурбонии дигар  дар  роҳҳои Тоҷикистон гузориш шуда буд. Аз ҷумла шоми 27 октябр дар ҳудуди деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт  бар асари бархӯрди ду мошини “Лексус” ва “Опел”, ки ҳарду ронандааш аз шаҳраки Шайдон будаанд, се нафар, аз ҷумла як кӯдаки ширмак ба ҳалокат расида, як кӯдаки панҷсола ҷароҳат бардошт. Ҳамаи қурбониён ронанда ва мусофирони  “Опел” будаанд. Хабарнигори шинохта Тилав Расулзода хабар дод, ки дар ин садамаи мудҳиш духтар, набера ва домоди ҳамсабақи ӯ Зулфия Ҳасанова ҷон додаанд.
Ҳамчунин рӯзи 25 октябр низ бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” ва “Мерседес” дар роҳи Данғара Левакант 4 нафар, аз ҷумла падару писар аз Кӯлоб ба ҳалокат расида,  4 нафари дигар захмӣ шуда буд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button