ВидеоМуҳоҷирон

ШАРҲИ САФОРАТ ДАР БОРАИ ҚАЗИЯИ ВОРОНЕЖ: БАЙНИ КОРФАРМО ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК НОФАҲМӢ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯз и 16 октябр бо нашри аксҳо ва видеоҳо дар саҳифааш дар Фейсбук  мушкилии омада ба сари 110 муҳоҷири тоҷик дар вилояти Воронежро шарҳ дод.

Кормандони сафорат ва Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав дар пайи сафар ба Воронеж маълум кардаанд, ки ин 110 нафарро рӯзи 22 июл аз Тоҷикистон овардаанд,  вале мутаассифона, дар рӯзҳои аввал 6 нафари онҳо ба коронавирус гирифтор шудаанд ва ба ин далел ҳамаи ин 110 нафарро 14 рӯз дар ҳолати карантин қарор додаанд.

“Мавриди зикр аст, ки тибқи шартномаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарф кардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст. Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар як нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст. Аз ин лиҳоз, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст”, – гуфта мешавад дар шарҳи сафорати Тоҷикистон.

Сафорат меафзояд, “дар натиҷаи вохӯрӣ ва суҳбати фаҳмондадиҳии кормандони Сафорат бо роҳбари ширкати мазкур, шиносномаҳои шаҳрвандон бозпас гардонида шуда, ҳамчунин ҷиҳати пардохти боқимондаи музди меҳнати онҳо мувофиқа ҳосил шуд.”

Сафорати Тоҷикистон  аз ҳамаи муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилӣ, ҳодисаҳои нохуш ва ё дигар масъалаҳои ҳалталаб, ФАВРАН ба сафорати Тоҷикистон ва хадамоти консулӣмуроҷиат намоянд. Сафорат гуфт, дар сафорат телефони шабонарӯзӣ фаъол аст ва ҳамчунин ҳамаи дархосту муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Рақамҳо барои тамос:

+7 495 690 41 86 – Сафорат

+7 985 740 02 12 – Хадамоти консулии Сафорат

E-mail: tajembmoscow@mfa.tj

consular@tajembassy.ru

Сафорат ҳамчунин дар саҳифааш дар Фейсбук шарҳи видеоии ду муҳоҷирро нашр кардааст.

Қаблан видеои дигаре нашр шуд, ки дар он муҳоҷирони тоҷик  дар ноҳияи Острогожски вилояти Воронеж ба Парвиз ва Шаҳоб ном нафарон барои аз дасти  корфармояшон гирифта додани паспортҳои онҳо изҳори сипос мекунанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шаҳоб писари Каромат Шарипов, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аст.

Ҷамила, як зани тоҷик, ки бо суханронии пурҳарораташ дар бора шароти ғуломӣ афтодани ин 110 муҳоҷир вирди забонҳо шуда буд, дар ин видео низ аз номи муҳоҷирони фиребхӯрда суханронӣ мекунад ва паспорташро дар даст алвонҷ дода, бо шодӣ мегӯяд: “Нав гашта гражданин шудам!”

Каромат Шариповро 4 сол пеш аз Русия депорт карданд ва ӯ соли 2020 дар Тоҷикистон аз олам чашм пӯшид. Писари ӯ Шаҳоб чанде пеш эълон кард, ки роҳи падарашро давом медиҳад ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул хоҳад шуд.

Аммо муҳим ин нест, ки мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Воронеж бо кумаки сафорат ҳал шуд ё писари Каромат Шарипов. Муҳим худи ҳал шудани ин мушкил аст. Ва ин қазия нишон медиҳад, ки агар сафорату намояндагӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон якҷоя ба ҳалли мушкилот бичаспанд, мушкилоти муҳоҷирон хеле зудтару хубтар ҳал мешавад.

Ин муҳоҷирон рӯзи 13 октябр дар назди шуъбаи пулиси ноҳияи Острогожск ҷамъ шуда, шикоят карданд, ки  як корфармои беинсоф онҳоро ҳанӯз дар поёни моҳи июл барои чидани себ аз Тоҷикистон ба деҳаи Шубное оварда, шиносномаҳои ҳамаашонро кашида гирифтааст ва онҳоро амалан дар ҳолати ғуломӣ қарор дода, пулашонро намедиҳад.

Видеои шикоятҳои пуралами онҳо дар Интернет сару садои зиёд ба бор овард ва корбарон аз мақомоти масъули Тоҷикистон, аз ҷумла аз сафорат ва намояндагӣ талаб карданд, ки ба аҳволи ин мардум расидагӣ кунанд.

Дар видео муҳоҷирони тоҷик як як дар пеши камера мегӯянд, ки барои 4 моҳи корашон дар инҷо ҳамагӣ 5 ило 10 ҳазор рубл гирифта, бархеашро корфармо ба болои бепул кор фармуданаш боз қарздор ҳам кардааст.

“Ақалан ҳуҷҷатҳоямонро намедиҳанд, ки пеш аз расидани зимистон як ҷоямонро пайдо кунем”, алам мекунад як муҳоҷири солхӯрдаи тоҷик.

Дар байни муҳоҷирони фиребхӯрда занон ҳам зиёд будаанд. Яке аз онҳо  бо номи Ҷамила мегӯяд, “сару либоси дуруст надорем. Либосҳои кӯҳнаи русҳоро мепӯшем. Моро дастгирӣ кунед. Аз пеши фиребгарҳо баред…”

Яке муҳоҷири дигар аз ин гуруҳ гуфтааст, “чор моҳ шуд, ки асирем. Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад. Саги кӯча соҳиб дораду мо не.”

Пулиси Острогожск ҳам гуфтааст, ки муроҷиати муҳоҷирони тоҷикро таҳқиқ мекунад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Садҳо нафари онҳо ҳар сол дар Русия қурбони фиреби корфармоёни беинсофе мешаванд, ки муҳоҷирони тоҷикро моҳҳо кор фармуда, пулашонро намедиҳанд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки корфармоён бо мақомоти фасодзада якҷо амал мекарданд ва пеш аз ҳисобу китоб пулис муҳоҷирони тоҷикро аз Русия депортатсия мекард, ки пули худро аз корфармо гирифта натавонанд ва ҳатто имкони даъво наёбанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button