ВидеоМуҳоҷирон

ДИҚҚАТ!!! ҶАНОЗАИ ИН МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ ҶАВОНМАРГРО АЛАКАЙ БА ВАТАН ФИРИСТОДААНД

Рӯзи 16 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри ин акси як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Маскав вафот кардааст, аз ҳама хостаанд, ки барои шиносоияш кумак кунанд.

Дар акс ин маълумот  дода шудааст: “Ҳамин бародар дар шаҳри Маскав вафот кардааст. Кадоме шиносадаш, бо рақами +7 910 241 46 05 тамос бигирад. Ҷасадаш дар морг қарор дорад, тобут кардагӣ, тайёр аст, аммо намедонанд, куҷои Тоҷикистон равонаш кунанд.”

Дар як муддати кӯтоҳ мардуми зиёде ин аксро бознашр карданд, то ки ҳарчӣ зудтар наздикони бачаи тоҷики ҷавонмарг пайдо шаваду ҷанозаи азизи дар ғурбат ҷонбохтаашон ба дасти онҳо расонда шавад.

Идораи “Бомдод” бо ин рақам тамос гирифт. Як муҳоҷири тоҷик, ки гӯширо бардошт, хабар дод, ки хешу табори он бачаи ҷавонмаргро пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, марҳум аз ноҳияи Шаҳритӯс будааст ва ҷанозаи ӯро алакай чанд рӯз пеш барои гӯручӯб ба Ватан фиристодаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун, бештар аз ҳама ба сабаби фалокатҳо дар ҷои кор тарки ин дунё мекунанд. Яъне муҳоҷират ҳар рӯз ҷони то  се тоҷикро мегирад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button