ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БАЪДИ ЯК МОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ЭЪТИРОФ КАРДАНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 15 октябр бори аввал дар беш аз як моҳи охир ошкор шудани ҳолатҳои нави коронавирусро дар ҷумҳурӣ тасдиқ кард. Вазорат гуфт, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ду ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси нави навъи COVID-19 сабт шудааст. Аз 13 сентябр ба ин тараф вазорати тандурустӣ сабт шудани ҳолатҳои нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирусро рад мекард.

Эътирофи ду ҳолати нави коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон ва табибон, рӯзҳои охир ин беморӣ дар кишвар дубора рӯ ба авҷ овардааст ва чунин ба назар мерасад, ки боз як мавҷи нави пандемия дар роҳ ба Тоҷикистон аст. Ба эҳтимоли ғолиб, бо оғози мавсими бозгашти муҳоҷирон аз Русия мавҷи нави пандемия дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш биорад, чунки вазъи пандемия дар Русия дар ин шабу рӯз хеле рӯ ба вахомат овардааст. Бино ба оморҳо, ҳоло дар Русия ҳар рӯз  беш аз 30 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва то 1000 ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, ҷамъи гирифторшудаҳо ба 8 миллион нафар наздик шуда истодаасту шумораи қурбониёни пандемия алакай аз 221 ҳазор нафар гузаштааст.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз оғози бақайдгирии пандемия то шоми 15 октябр дар Тоҷикистон 17 ҳазору 86 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 960 шифо ёфтаанд ва  124 нафар фавтидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button